Ифтитоҳи шуъбаи дастгирии ҳамаҷонибаи оила ва кӯдак дар Маркази саломатии шаҳрии №15-и шаҳри Душанбе

29-уми майи соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №15”-и шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи шуъбаи дастгирии ҳамаҷонибаи оила ва кӯдак баргузор гашт, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои миллӣ оид ба инкишофи барвақтии кўдакон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Кетрин Мери Рассел, роҳбарияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва кормандони соҳа иштирок намуданд.

Қобили зикр аст, ки шуъбаи мазкур бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва хифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорию дастгирии зич бо Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Пас аз пазироии гарму самимии меҳмонон дар Маркази саломатии шаҳрии №15 вохурии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Кетрин Мери Рассел баргузор гашт, ки зимни он ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфӯз дар соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Сипас, меҳмонон аз рафти фаъолияти шуъбаи навтаъсис дидан ба амал оварда, бо шароит ва имкониятҳои мавҷудаи он шинос гаштанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, фаъолияти шуъбаи мазкур се соҳаи муҳим – тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоиро бо ҳам муттаҳид менамояд ва нақши калидии онро муносибати ба оила асосёфта ташкил медиҳад.

Ифтитоҳи шӯъбаи навбатии дастгирии ҳамаҷонибаи оила ва кӯдак барои фаро гирифтани ҳар як кӯдак дар ҷойи истиқомати онҳо мусоидат намуда, яке аз роҳҳои асосии пешгирии ҷойгир намудани кӯдакон дар муассисаҳои будубоши доимӣ ва ё ҷудошавии кӯдак аз оила нақши муҳимро мебозад ва ба беҳтар намудани сифати зиндагии ҳаёти кӯдак таъсири мусбӣ мерасонад.

Аснои ифтитоҳи шуъбаи мазкур қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи саломатии модару кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ба шумор меравад. Дар ин самт бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 20 соли охир бо мақсади беҳтар намудани дастрасии хизматрасонии тавонбахшӣ ба кӯдакон якчанд муассиса ва шуъбаҳои нав дар соҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак сохта ва ба истифода дода шудаанд.

Хонум Кетрин Мери Рассел дар навбати худ аз дастовардҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистон давоми чанд соли охир ёдовар шуда, иброз дошт, ки Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) минбаъд низ ҳамкориҳоро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ, махсусан саломатии модарону кӯдакон идома медиҳад.

Лозим ба ёдоварист, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат барои ҳамаи кӯдакон, алалхусус кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус ва маъюбиятдошта хизматрасонии маҷмӯиро ташкил ва инкишоф медиҳад. Ҳамин тариқ, вазорат ҳуқуқҳои кӯдакро ба ҳаёт, шукуфоӣ ва рушди ӯ мутобиқи Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак амалӣ намуда, дар рушди инфрасохтор ва хизматрасониҳо ҷиҳати тасвиби Конвенсия ва ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдошта саҳм мегузорад.

Гуфта шуд, ки барои расидан ҳадафҳои дар ин самт гузошта саҳми шарикони рушд, аз ҷумла Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) низ хеле калон мебошад, ки солҳои тулонӣ барои рушди бармаҳали кӯдак, дахолати саривақтӣ ва таъсиси чунин шуъбаҳо дар ҷумҳурӣ корҳои назаррас гузаронида шудааст.

Аз ин рӯ, барои ҳамкориҳои судманд ва дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти ЮНИСЕФ изҳори миннатдорӣ баён карда шуд.

Дар маҷмӯъ, бо мавриди истифода қарор гирифтани чунин шуъбаи хуштарҳу замонавӣ сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон дар кишвар, хосатан дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе боз ҳам хубтару беҳтар хоҳад гашт.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ёвон: ба истифода додани Маркази саломатӣ дар ҷамоати деҳоти Норин

Ифтитоҳи Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” дар шаҳри Бӯстон

Баррасии се масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Чорабинии иттилоотию маърифатӣ оид ба пешгирии бемории фарбеҳӣ

Эълони ҷойи кори холӣ дар филиали ширкати “Нормека Интернешнл АС” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Search