Имрӯз, 17-уми декабри соли равон дар шаҳри Деҳлии Нави Ҷумҳурии Ҳиндустон Саммити дуюми глобалии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба тибби анъанавӣ, ки бо ташаббуси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор мегардад, оғоз гашт, ки дар кори он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок намуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Саммити мазкур чорабинии сатҳи баланд буда, он ба мавзӯи “Барқарор кардани тавозун: Илм ва амалия барои саломатӣ ва некуаҳволӣ” ва ба пешбурди нақши тибби анъанавӣ дар низомҳои тандурустӣ ва рушди фарогир бахшида шудааст.
Инчунин, чорабинии болозикр ҳадафҳои зерин-тақвияти Стратегияи глобалии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба тибби анъанавӣ барои солҳои 2025-2034, ки дар Ассамблеяи 78-уми Созмони ҷаҳонии тандурустӣ қабул шудааст, мувофиқа намудани амалҳои минбаъдаи байналмилалӣ барои вусъат бахшидани татбиқи Стратегияи глобалии тибби анъанавӣ ( солҳои 2025-2034), тақвияти талошҳои кишварҳо дар самтҳои афзалиятнок, аз қабили сиёсат, танзим, маблағгузорӣ, татқиқот дар соҳаи тибби анъанавӣ ва ҳамгироии он ба низомҳои тандурустӣ, васеъ намудани дониши категорияҳои гуногун дар чаҳорчӯбаи дастгирии байналмилалии тибби анъанавӣ ва амалҳои онҳо барои ҷорӣ кардани усулҳои фаъоли тибби анъанавӣ, ки бо далелҳо асос ёфтаанд ва таъмини мубодилаи таҷриба байни масъалаҳои гуногуни сиёсат ва амалия, татқиқот ва навоварӣ дар соҳаи тибби анъанавӣ, мутахассисони он дар низоми тандурустӣ, танзим ва ҳамкории байниидоравӣ бо назардошти натиҷаҳои Саммити аввалро низ дарбар хоҳад гирифт.
Дар Саммити мазкур роҳбарият ва намояндагони вазоратҳои тандурустии як қатор кишварҳои аъзои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок дошта, ин чорабинӣ то 19-уми декабри соли ҷорӣ идома меёбад.


