“Махзани электронии иммунизатсияи нақшавӣ ва иловагии кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

ОИД БА ҶОРӢ НАМУДАНИ МАХЗАНИ ЭЛЕКТРОНИИ ИММУНИЗАТСИЯИ НАҚШАВӢ ВА ИЛОВАГИИ КӮДАКОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МИЗИ МУДАВВАР БАРГУЗОР ГАШТ

28-уми феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуъи “Махзани электронии иммунизатсияи нақшавӣ ва иловагии кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввар баргузор гашт, ки дар кори он муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат, роҳбарият ва мутахассисони Маркази омор ва иттилооти тиббӣ, роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ, роҳбарони як қатор марказҳои саломатии шаҳри Душанбе ва шарикон оид ба рушд иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки ҳадафи мизи мудаввар баррасии “Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021, №51 тасдиқ карда шудааст, ҷиҳати нигоҳ доштани сатҳи баланди фарогирии иммунизатсия байни гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ, мунтазам пайгирӣ намудани ҳолати иммунизатсионии кӯдакон ва татбиқи навовариҳои ҷаҳонии соҳаи иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи гузариш ба системаи электронии бақайдгирии иммунизатсияи кӯдакон равона гардидааст.

Ҳамин тавр, зимни баргузории мизи мудаввар мутахассис оид ба рақамикунонии соҳаи тандурустии Маркази омор ва иттилооти тиббӣ Манучеҳри Асомиддин ба иштирокчиён оид ба “Баҳодиҳии системаи электронии мавҷудаи соҳаи иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳа ба ҳозирин маълумот пешниҳод кард.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд

Бахшида ба “Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” дар Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ ва Рӯзи дарҳои кушод баргузор гашт

Аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар семоҳаи аввали соли 2026 натиҷагирӣ карда шуд

Шиносоӣ бо раванди корҳои ободониву созандагӣ дар Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор

Хатари хантавирус ва чораҳои пешгирии он

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Search