Мулоқоти Ҳабибулло Хайруллозода бо Сафири Ҷумҳурии Арабии Миср дар Тоҷикистон амир Фатҳӣ Абдусалом Ҳаммод

16-уми апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Хайруллозода бо Сафири фавқулода ва мухтори навтаъини Ҷумҳурии Арабии Миср дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амир Фатҳӣ Абдусалом Ҳаммод баргузор гардид.

Нахуст муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар амир Фатҳӣ Абдусалом Ҳаммодро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ӯ дар иҷрои рисолати масъулиятнокаш ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар муваффақиятҳо таманно кард.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани саноати дорусозӣ дар асоси Ёддошти тафоҳуми байниҳукуматии мавҷуда ҳавасмандии хешро баён намуданд.

Зикр шуд, ки рушди ин бахш заминаи мусоидро барои таъмини амнияти фармасевтӣ ва табодули технологияҳои муосир фароҳам меорад. Ҳамзамон, ҷонибҳо ба масъалаи таҳкими иқтидори кадрии соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, омодагии хешро барои баргузории давраҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи тибби Тоҷикистон дар муассисаҳои илмию таълимии Ҷумҳурии Арабии Миср иброз доштанд.

Таъкид гардид, ки ҳамкориҳо дар самтҳои саратоншиносӣ, эндокринология ва дорусозӣ (фарматсия) аз афзалиятҳои асосии ҳамкориҳои дуҷониба маҳсуб меёбанд.

Ҳамин тавр, дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии хешро барои густариши минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманд ва татбиқи нақшаҳои муштарак дар соҳаи тандурустӣ баён доштанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Шиносоии Саломуддин Юсуфӣ бо раванди корҳои сохтмонии клиникаи наздиколлеҷии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ

Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат доир гашт

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мизи мудаввар доир шуд

Паёми табрикотии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Озмуни байналмиллали эҷодӣ оид ба эссе, видеосюжетҳо, аксҳо ва расмҳо таҳти унвони «Ҳуқуқ ба саломатӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ баргузор гардид (АКС)

Search
汽水音乐易歪歪HelloGPT易歪歪单机版沙盘telegram易翻译比特浏览器mumu模拟器