Мулоқоти Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихан Туреханов

04-уми феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Валихан Туреханов мулоқот анҷом дод.

Зимни вохурӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода сафирро ба вазорат хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ ёдовар шуд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки ҳамкории ду кишвар дар самти таҳкими низоми тандурустӣ, махсусан кӯмаки аввалияи тиббӣ дар сатҳи хуб қарор дошта, Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Эътилофи ҷаҳонии нигоҳубини аввалияи тиббиро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон пешниҳод шудааст, дастгирӣ менамояд.

Дар ин замина, таъкид гашт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 модели нигоҳубини аввалияи тиббиро, ки бар принсипҳои тибби оилавӣ асос ёфтааст, қабул намуда, дар даҳсолаи охир барои рушди он сармоягузории назаррас анҷом додааст.

Дар ҷараёни мулоқот иттилоъ дода шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон се Нақшаи стратегиро оид ба рушди нигоҳубини аввалияи тиббӣ амалӣ намудааст ва ҳадафи асосии Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ин таъмини фарогирии умумии аҳолӣ бо хизматрасонии тиббии босифат ва дастрас мебошад.

Зикр гардид, ки дар соли 2026 баргузории Рӯзҳои тибби Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст. Чунин чорабинӣ охирин бор соли 2019 баргузор шуда буд ва он барои мубодилаи таҷриба ва дониш миёни мутахассисони ду кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.

Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ миёни ширкатҳои дорусозии ду кишвар, бақайдгирӣ, воридоти доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардида, ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ изҳори ҳавасмандии хешро иброз доштанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search