НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” ба як марди 31 сола, ки давоми беш аз 25 сол гирифтори бемории трамбози баъди картизатсионии варидҳои чуқури пойҳо  буд, амалиёти стентгузории варидӣ бе буриш ва ба тариқи миниинвазивӣ гузаронида шуд.

Ба гуфти  Ҷамшед Раҳмонов, мутахассиси маркази номбурда, ки ҷарроҳии мазкурро гузаронидааст, бемор то кунун ба воситаи доруворӣ табобат мегирифт ва  ташхиси ҳозиразамон нишон дод, ки  рагҳои хунгарди ӯ аз тарафи пойи рост дар масофаи зиёда аз 10см  баста шудааст.

Мутахассисони  соҳа иброз медоранд, ки табобати анъанавии ингуна беморон то кунун аз он иборат буд, ки аз дигар ҷойи пойи худи бемор раги хунгардро гирифта, иваз мекарданд ва ё дар ҳолати дуруст наомадани раги хунгард, ранҳои хунгарди синтетикӣ истифода бурда мешуд.

Ҳамакнун, бо истифода аз технологияҳои ҳозиразамон,  аз қабили таҷҳизоти ангиография, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо дастрас гардидааст, тариқи варид рафта, дар ҷойи тангӣ, ки раги хунгарди пойи рости бемор махкам буд,  стент гузошта шуд.

Пас аз ҷарроҳӣ аллакай варами пойи бемор гашта, пурхунии варидҳои зери пуст  кам ва захмҳо аллакай ру ба махкамшавӣ оварда расонида  истодаанд.

Инчунин, ташхисҳои назоратӣ нишон доданд, ки  стент пурра гузаро ва ягон монеа барои рафтани хуни пойи бемор айни ҳол нест ва ҳолати бемор хуб аст.

Маврид ба зикр аст, ки дар самти бемориҳои рагҳои хунгард бемориҳое ҳастанд, ки ҷараёни бисёр вазнин доранд ва солҳои пеш илоҷи табобати онҳо хеле кам буд. Ба ингуна беморон аксаран амалиётҳои ҷарроҳии анъанавӣ гузаронида мешуд ва онҳо солҳои давроз ба даври доруворӣ табобат мегирифтанд.  Ва бо сабаби сар задани бархе аворизҳо бархеи онҳо ҳатто маъюб мегардиданд.

Табибони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” иброз медоранд, ки ҳатто солҳои қабл  пойҳои ингуна беморонро бурида мепартофтанд, то онҳоро аз азоб озод кунанд.

Хушбахтона, акнун бо ворид гардидани технологияи ҳозиразамон ва дар кишварҳои хориҷӣ такмил додани донишу таҷрибаи мутахассисони соҳа илоҷи табобати чунин беморон дар кишвар низ пайдо шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи “Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”

Дар Хуҷанд Маркази нави ташхисию табобатии “Насли солим” ифтитоҳ гардид

Оид ба “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва раванди амалисозии ҳуқуқҳои иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ форуми байналмилалӣдоиргашт

Ҷаласаи корӣ оид ба тақсимоти микронутриентҳо ва витаминҳо дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”  

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара Маркази ташхис ва табобатиро ба истифода доданд

Вохурии Ғафур Муҳсинзода бо президенти Федератсияи умумиҷаҳонии гемофилҳо Сезар Горридо

Search