Вазъи соҳаи шикастабандии калонсолон ва кӯдакон дар ИДМ баррасӣ гашт

27-уми феврали соли равон ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба коркарди лоиҳаи Низомнома дар бораи ташкилоти заминавии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи шикастабандии калонсолон ва ортопедия, инчунин, қарори Шӯрои иқтисодии ИДМ оид ба масъалаи мазкур ба таври маҷозӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазоратҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Беларусия иштирок намуданд.

Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинӣ муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода, сардорони як қатор раёсатҳои дастгоҳи марказии вазорат, мутахассисон ва сармутахассисони соҳавӣ иштирок намуданд.

Зимни ҷаласаи мазкур иштирокчиён муҳимтарин масъалаҳои шикастабандиро дар калонсолон мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати такмили Низомнома дар бораи ташкилоти заминавии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи шикастабандии калонсолон ва ортопедия фикру пешниҳодоти худро ироа намуданд.

Дар ҳамин замина, қайд кардан ба маврид аст, ки соҳаи шикастабандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои охир дар баробари дигар самту соҳаҳои муҳими тандурустӣ низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар мамлакат барои табобати беморон тамоми шароиту имкониятҳои муосир фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон, дар доираи баргузории ин чорабинӣ коршиносон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба вазъи соҳаи шикастабандӣ дар кӯдакон низ мубодилаи афкор намуда, дурнамои фаъолияти соҳаро баррасӣ ва фикру андешаҳои худро баҳри густариши ҳамкориҳо дар ин самт иброз доштанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд

Бахшида ба “Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” дар Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ ва Рӯзи дарҳои кушод баргузор гашт

Аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар семоҳаи аввали соли 2026 натиҷагирӣ карда шуд

Шиносоӣ бо раванди корҳои ободониву созандагӣ дар Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор

Хатари хантавирус ва чораҳои пешгирии он

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Search