НАВГОНӢ. Гузоштани стент-графт дар шоҳраги шикам

Дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як нафар бемори 72-солаи сокини ноҳияи Рашт, ки бо ташхиси аневризма дар ин муассиса бистарӣ гашт, стент-графт дар шоҳраги шикам гузошта шуд.

Амалиёти ҷарроҳӣ бо истифода аз дастгоҳи ангиография ба тариқи пушида, яъне ба воситаи рентген-эндоваскулярӣ амалӣ гашт.

Ба иттилои мутахассисони соҳа, маротибаи дуюм аст, ки дар кишвар ба чунин беморон ба тариқи пӯшида ингуна амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида мешавад.

Пас аз гузоштани стент-графт хатари кафидани аневризма дар бемор пурра бартараф шуда, ин ҳолат имкон медиҳад, ки бемор ба ҳаёти муқаррарӣ баргардад.

Хушбахтона, пас аз амалиёти ҷарроҳӣ ҳолати бемор хуб буда, он дар ҳудуди кати бистарӣ фаъол мебошад ва дар муддати кутоҳ ба хона рухсат дода хоҳад шуд.

Бояд қайд кард, ки қаблан ҷарроҳии аневризма дар маркази мазкур ба тариқи кушода, яъне бо воситаи буриши қисми бадани бемор гузаронида мешуд, ки ин ҳолат муҳлати табобати беморонро дарозтар мекард ва бо осеби бадани бемор анҷом меёфт.

Ба гуфти Ҷамшед Раҳмонов, мутахассиси маркази номбурда, ки ҷарроҳии мазкурро гузаронидааст, аневризма-ин васеъшавӣ ё барҷастагии девори рагҳои хун мебошад, ки дар натиҷаи заъф ё тунук шудани девори он ба вуҷуд меояд. Ба ибораи содда, як қисми раг зери фишори хун васеъ шуда, ба шакли “қубурча” ё “ҳубоб” табдил меёбад. Ҳамин тавр, аксаран аневризма дар аорта, яъне рагҳои асосии бадан ва ё дар рагҳои майнаи сар пайдо мешавад.

Тибқи назари мутахассисони соҳаи тиб, хатари асосии бемории мазкур дар он аст, ки вай метавонад пора шавад ва хунравии шадид ё сактаи майна (инсулт) ба вуҷуд орад.

Ҷамшед Раҳмонов, мутахассиси Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” иброз медорад, ки сабабҳои асосии пайдоиши аневризма тангшавии рагҳо аз сабаби ҷамъшавии чарб, фишори баланди хун, осебҳо ва заъфи модарзодии бофтаҳои пайвасткунанда мебошад.

Ба қавли номбурда, бемории мазкурро ташхиси УЗИ, КТ ва ё дастгоҳи ангиография муайян хоҳад кард.

Табобати бемории мазкур вобаста ба андоза ва ҷойгиршавии аневризма интихоб гашта, агар он хурд бошад, назорат ва поин бурдани фишори хун анҷом дода мешавад.

Ҳамин тавр, дар ҳолати калон ва ё хатарнок будани аневризма, ба бемор амалиёти ҷарроҳии кушод ва ё эндоваскулярӣ бо гузоштани стент-графт гузаронида хоҳад шуд.

Айни ҳол дар маркази мазкур ҷарроҳии ҳама намуди аневризмаҳои шоҳрагӣ бо истифода аз дастгоҳи муосири ангиография, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин муассиса дастрас карда шудааст, гузаронида шуда мешаванд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Барои беморони саратони ғадуди зери меъда аввалин маротиба дар кишвар ба воситаи таҷҳизоти видеоэндоскопӣ ҷарроҳӣ гузаронида шуд

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли сӯзандору ва система барои доруи қатрагии ҶДММ «Сино медикал» дар шаҳри Истаравшан

Ӯзбекистон: иштироки мутахассисони тоҷик дар даври омӯзишӣ дар самти такмили ихтисоси менеҷмент ва идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ

ХИЗМАТРАСОНӢ БА БОШАНДАГОН БЕҲТАР МЕГАРДАД. Дар Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд

Баррасии чор масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Тағироти кадрӣ дар Донишгоҳи тиббӣ

Search