Имрӯз, 10-уми феврали соли равон дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат, директорони хадамотҳои соҳавӣ, марказҳои ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 48 нафар намояндагони ВАО-и дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.
Тибқи тартиби муқарраргардида, нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат доир ба фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар соли 2024 мухтасар маълумот дод.
![](https://moh.tj/wp-content/uploads/2025/02/78789-1024x700.jpg)
Қайд кардан ба маврид аст, ки соли 2024 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар як қатор муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла бинои иловагии Маркази саломатии шаҳри Истаравшан, Маркази хусусии урологи-андрологии “Микролаб”ва маркази тиббии “Клиника 1+1” дар шаҳри Хуҷанд, Маркази саломатии бисёрсоҳавии ноҳияи Данғара (дорои 7-ошёна), бинои Маркази саломатӣ, Беморхонаи марказии дуошёна ва Маркази ташхису табобатии сеошёна дар ноҳияи Рашт, биноҳои нави беморхонаҳои марказии ноҳияи Ховалинг ва шаҳри Норак, бинои нави шуъбаи таваллудии Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷ. Балхӣ, Маркази саломатӣ дар ҷамоати Сирдарёи ш.Гулистон, Беморхонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар дар ш.Хуҷанд, корхонаҳои истеҳсоли дору дар шаҳрҳои Гулистон ва Истаравшан мавриди ифтитоҳ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, бо мақсади ҳамоҳанг ва танзим намудани фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамкорӣ менамоянд, дар ин давра 9 созишномаҳои ҳамкорӣ баста шуда, 23 нақшаҳои кории якҷоя ба имзо расонида шуданд. Дар баробари ин, соли 2024 37-умин ҷаласаи Шӯрои тандурустии давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузаронида шуда, дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар баромад намуда, як қатор пешниҳодҳои амалӣ ҷиҳати беҳтар намудани вазъи солимии аҳолии минтақа манзур кард. Бояд қайд намуд, ки дар соли 2025 ба ҳайси раисикунанда дар Шӯрои номбаршуда Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, баргузории ҷаласаи навбатии он дар нимаи дуюми соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.
Дар соли 2024 нақшаи буҷети соҳаи тандурустӣ бо назардошти иловаҳо 3 миллиарду 766 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷроиши он 98,2% -ро ташкил медиҳад.
Инчунин, соли 2024 аз тамоми сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ 115 муассисаҳои тандурустӣ (97 муассисаҳои КАТС, 9 госпиталӣ ва 9 муассисаҳои хусусӣ) ба маблағи умумии 467,8 млн. сомонӣ сохта ва ба истифода дода шуда, дар 112 муассисаҳои тандурустӣ (71 муассисаҳои КАТС, 33 муассисаҳои госпиталӣ ва 8 муассисаи хусусӣ) корҳои сохтмонӣ идома дорад.
Дар ин муддат дар 366 муассисаи дигар (225 муассисаҳои КАТС ва 141 муассисаҳои госпиталӣ) ба маблағи умумии 63,7 млн сомонӣ таъмири асосӣ гузаронида шуда, дар 80 муассисаҳои дигар (39 муассисаи КАТС, 31 муассисаи госпиталӣ ва 10 муассисаҳои хусусӣ) таъмири асосӣ идома дорад.
Бо истифода аз шароити муҳайёнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла мавҷуд будани дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ соли сипаришуда бо мақсади дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш ба 2571 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо, 3614 амалиёти ангиография ва 1958 амалиёти ангиопластика ва стентгузорӣ, инчунин ба 908 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ ва 298 амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронида шуд..
Инчунин, дастрасии таҷҳизотҳои ҳозиразамон ба муассисаҳои тандурустӣ имкон дод, ки дар давраи ҳисоботӣ дар самти ташхису табобат 94 навоварӣ ворид карда шавад, ки ин нисбат ба соли гузашта 20 адад зиёд мебошад. Аз 94 навгониҳои ворид кардашуда, 28 навгонӣ фарогири самти ташхис, ба монанди ташхиси бемориҳои саратоншиносӣ, узвҳои ҳозима, пайвандсозии узвҳо, бемориҳои дилу рагҳо ва сил, экспертизаи тиббӣ-судӣ ва ташхиси шуоӣ буда, 66 навгонии дигар, аз он ҷумла, ҷарроҳиҳои дилу рагҳо, сутунмӯҳра, пайвандсозии узвҳои инсон, узвҳои ҳозима, ҷарроҳиҳои қафаси сина, саратоншиносӣ, ҷарроҳиҳои абдоминалӣ, осебшиносӣ, урология, рентгенэндоваскулярӣ, ҷарроҳиҳои чашм, бемориҳои сухтагӣ ва шунавоиро дарбар мегиранд.
Беҳтар намудани вазъи таъмини муассисаҳои соҳаи тандурустии кишвар бо мутахассисони тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. То моҳи декабри соли 2024 дар муассисаҳои тандурустӣ 22003 нафар табиб ва 63434 нафар корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 2,0 ва 1,6 % зиёд мебошад. Тибқи оморҳои пешакӣ, шумораи воҳидҳои кории холии табибон 1752 ва кормандони миёнаи тиб 199,5 ададиро ташкил медиҳанд, ки он нисбат ба соли 2023 мутаносибан 257 ва 191,5 ададӣ кам мебошад.
Дар соли 2024 дар муассисаҳои илмию таълимии вазорат дар маҷмўъ 15008 нафар кормандони соҳа ба таҳсили баъдидипломӣ фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 1291 нафар зиёд мебошад. Дар хориҷи кишвар бошад, дар ин давра 493 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ ба таҳсили баъдидипломӣ фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 87 нафар зиёд мебошад. Дар ин муддат 68 рисолаи номзадӣ ва 5 рисолаи докторӣ ҳимоя карда шуданд.
Дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 240 муассиса мавҷуд буда, шумораи кормандони соҳа 4484 нафар, аз ҷумла кормандони иҷтимоӣ ва хизматрасон 3360 нафарро ташкил медиҳанд. Аз ҷониби ҳамаи самтҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба дар давраи ҳисоботӣ 976705 нафар хизмат расонида шудааст. Шумораи оилаҳои камбизоат, ки ба онҳо кумакпулии унвонии иҷтимоӣ таъин гардидааст, 195 341 оила буда, маблағи ба онҳо пардохтшуда бо хароҷоти бонки 190,4 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар давоми соли 2024 ба 112 689 оила кумакпулии яквақтаина (600 сомонӣ) дар ҳаҷми 67,62 миллион сомонӣ, дар маҷмӯъ 257,95 миллион сомонӣ пардохт гардидааст.
![](https://moh.tj/wp-content/uploads/2025/02/7807890-1024x682.jpg)
Баъдан, бахши саволу ҷавоб оғоз ёфта, аз ҷониби рӯзноманигорон доир ба масъалаҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ савол пешниҳод гардид, ки дар навбати худ роҳбарияти вазорат ба ҳамаи онҳо посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда дод.
Ҳамин тавр, нишасти матбуотии вазорат беш аз 1 соату 20 дақиқа идома ёфт.