Баррасии се масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

30-юми ноябри соли равон дар  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гашт, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсат ва шӯъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Дар ҷаласа се масъала-“Рафти амалисозии “Барномаи  давлатии солимии репродуктивӣ  барои  солҳои  2023-2027”, ки  бо қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2023, №418 тасдиқ шудааст”, “Татбиқи “Барномаи  миллии  иммунопрофилактика  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025»  дар давоми 10 моҳи соли 2024” ва “Саривақт омода намудани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамин тавр, вобаста ба масъалаи якум, яъне “Рафти амалисозии “Барномаи  давлатии солимии репродуктивӣ  барои  солҳои  2023-2027”, ки  бо қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2023, №418 тасдиқ шудааст”, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии солимии репродуктивӣ” Саидова Ҳ.О. баромад кард.

Қайд карда шуд, ки “Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ  барои солҳои 2023-2025” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, №418 ҷиҳати беҳбудии сифат ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои солимии репродуктивӣ солимии модарон, кӯдакон, наврасон ва ҳифзи солимии репродуктивии аҳолӣ дар заминаи фарогирии умумии хизматрасониҳои тандурустӣ  таҳия шудааст.

Вазифаҳои асосии барномаи мазкур ҳифзи солимии репродуктивии аҳолӣ, дастрасӣ ба хизматрасонии репродуктивӣ, паст намудани фавти модарон, таъмини муассисаҳои тиббӣ бо техника ва технологияи муосир, беҳтар намудани вазъи молиявии муассисаҳои тиббӣ ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводи таълимии зарурӣ ҷиҳати самаранок баргузор намудани дарсҳои таълимӣ вобаста ба солимии репродуктивии аҳолӣ ба шумор меравад.

Барнома қисми ҷудонашавандаи Стратегияи глобалии ҳифзи солимии занон, кўдакон ва наврасон барои солҳои 2016-2030 ва Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошад.

Қайд карда шуд, ки барномаи номбурда ба рушди устувори солимии репродуктивӣ, тартиботи раванди солимии модарон, кӯдакон, наврасон ва ҷавонон, аз ҷумла осебпазиртарин табақаи аҳолӣ, тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои солимии репродуктивии аҳолӣ бо таваҷҷуҳи махсус ба аҳолии деҳот мусоидат менамояд.

Дар идомаи баромади хеш номбурда доир ба иҷрои бандҳои дахлдори барномаи мазкур маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Баъдан, доир ба мавзӯъи дуюми ҷаласа директори генералии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” Саидзода Файзалӣ ҳисобот дод.

Гуфта шуд, ки пешгирии бемориҳои сироятӣ, паст намудани фавт аз онҳо таъмини сатҳи баланди фарогирӣ бо иммунизатсия ва риояи ҳатмии иммунизатсияи тақвимӣ бо  қоидаҳои асосии бехатарӣ – яке аз самтҳои асосии фаъолият ва вазифаҳои соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад.

Таҳия ва қабули Барномаи миллии иммунопрофилактика барои  солҳои 2021-2025 (аз 27 феврали соли 2021, №51) далели он аст, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала диққати махсус медиҳад. Барномаи миллии иммунопрофилактика тамоми тарафҳои фаъолияти соҳаро оид ба мақсаду вазифаҳои он барои пешгирии бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда бо тарҳрезии қадамҳои алоҳида дарбар мегирад. Дар барномаи миллӣ вазифаҳо, мақсадҳои соҳа, равандҳои асосӣ ва муҳлатҳои иҷроиши онҳо муайян карда шудаанд.

Мақсади асосии Барномаи миллии  иммунопрофилактика – ин таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии кишвар, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда, устувор нигоҳ доштани мақоми давлати озод аз бемории фалаҷ, баланд бардоштани дастрасӣ, сифатнокӣ ва самаранокии хизматрасониҳои тиббӣ, беҳтар намудани саломатии модар ва кўдак, таъмини дарозумрии аҳолӣ ва пурзўр намудани кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. 

Сол ба сол ваксинаҳои нави замонавӣ дар Тақвими миллии иммунизатсия ворид шуда истодаанд ва коргузорӣ дар соҳаи иммунопрофилактика талаботҳои навро ба миён меорад, ки ин баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи хуби кормандони кўмаки аввалияи тиббию санитариро талаб мекунад.

Доир ба “Саривақт омода намудани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025” сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат  Шарифов Зайнулло маълумот пешниҳод кард.

Номбурда иброз дошт, ки муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти  соли 2024, №192 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025», фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 апрели соли 2024, №211 «Дар бораи сари вақт омода намудани муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025»-ро сармашқи кори худ қарор дода, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва ҳукуматҳои маҳаллӣ кўшиш ба харҷ дода, барои таъмини мунтазами кори муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 корҳои муайянеро ба сомон расониданд.

Тибқи маълумотномаҳои пешниҳодгардида аз тарафи роҳбарони муассисаҳои соҳаи танудурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ  ҷиҳати тайёрии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 дар муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳурӣ як қатор тадбирҳо то имрўз амалӣ шудаанд. Аз ҷумла дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишҳои дахлдори муассисаҳои соҳа ба имзо расида, ситодҳо ташкил карда шуда, корҳо мувофиқи нақшаи чорабиниҳо ба роҳ монда шудаанд.

Дар доираи маблағҳои ҷудогардидаи соли ҷорӣ барои нигоҳдорӣ ва таъмир, корҳои шишабандӣ, таъмири асосӣ ва ҷузъии бинову иншоотҳо ва қубурҳои обгузари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ гузаронида шудааст.

Пас аз шунидани баромадкунандагон масъалаҳову мушкилоти ҷойдоштаи самтҳои мазкур мавриди таҳлилу баррасии амиқ қатор дода шуда, инчунин аз сардорони раёсатҳои тандурустӣ ва дигар роҳбарони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид масъалаҳои баррасишуда низ ҳисобот пурсида шуд.

Дар  охир вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳру вилоятҳо, роҳбарони муассисаҳои тандурустии ҷумҳуриявӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷамъбасти 6-моҳаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон

Дар шаҳри Турсунзода Маркази ташхисию табобатии Ҳафиза мавриди истифода қарор гирифт

Дания: баимзорасонии Стратегияи ҳамкорӣ бо ТУТ ва табрикоти Ҳанс Клюге барои нашри мақола аз ҷониби Ҷамолиддин Абдуллозода дар маҷаллаи бонуфузи “BioMed Central”

Search