Ёвон: ба истифода додани Маркази саломатӣ дар ҷамоати деҳоти Норин

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон санаи  6-уми ноябри соли 2024  бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон Баҳриддин Сироҷиддинзода ва муовини Раиси вилояти Хатлон Ҷамшед Каримзода Маркази саломатии деҳаи 1-майи ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон  мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре масъулин иттилоъ доданд, муассисаи навбунёди тандурустӣ бо саҳми мардуми маҳал дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур сохта ба истифода дода шудааст. Маркази саломатӣ аз ҳуҷраҳои бақайдгирӣ, занона, сӯзандоругузаронӣ, хатна, кӯдакона, эмгузаронӣ ва ғайра иборат буда, барои 3,5 ҳазор аҳолӣ хизмат хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки Маркази саломатии номбурда аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмир гардидааст.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи Маркази саломатӣ иброз дошт, ки  мақсад ва ҳадаф аз бунёд ва ба истифода додани иншоотҳои соҳаи тандурустӣ-ин пеш аз ҳама расонидани хизмати тиббию санитарӣ ба аҳолӣ мебошад.

Номбурда ба истифода додани чунин муассисаи тандурустии замонавиро ба аҳолии деҳаи мазкур ва дар умум ва кулли сокинони ноҳияи Ёвон табрик намуда, онро туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳияи мазкур бахшида ба 30-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  арзёбӣ кард.

Дар идома номбурда аз кормандони Маркази саломатии навбунёд даъват ба амал овард, ки бо истифода аз шароиту имконоти муосири муҳайёгардида тамоми кӯшиш ва талоши худро баҳри таъмини солимии аҳолӣ равона созанд.

Ҷамшед Каримзода, муовини Раиси вилояти Хатлон аснои суханронии хеш ҳозиринро бо ифтитоҳи ин муассисаи нави тандурустӣ низ шодбош гуфта, изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  таваҷҷуҳи махсус ҳозир намуда, минбаъд кушиш ба харҷ медиҳад, ки мардум ба хизматрасонии босифати тиббӣ дастраси дошта бошанд.

Қобили зикр аст, ки бунёд ва мавриди истифода қарор додани чунин Маркази саломатии муосир аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар самти боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дарак медиҳад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Эрон. Иштироки табибони тоҷик дар даври омӯзишӣ

Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Маркази ташхисию табобатии Саномед

Семинар-машварати омӯзишӣ оид ба бемориҳои сироятӣ

Search