Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯстиро ифтитоҳ намуданд

12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Деваштич ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қалъаи Дӯсти деҳоти Ваҳдат бинои нави Маркази саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити кор ва хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.

Бунёди бинои нави Маркази саломатӣ аз моҳи июни соли 2024 оғоз гардида, дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 20 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шуданд.

Иншоот бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич, соҳибкорони маҳаллӣ ва иштироки фаъоли сокинон бо истифода аз маҳсулоти баландсифати ватанӣ бо харҷи 6,5 миллион сомонӣ бунёд карда шуд.

Бо бунёди бинои нав 12 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Бинои Маркази саломатӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 18 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои стоматологӣ, ташхиси ултрасадо, тибби оилавӣ, хатна, ҳуҷраи момодоя, иммунизатсия, озмоишгоҳ, ҳуҷраи муоина, сабти барқии дил ва 18 рахти хоби рӯзона мебошад, ки ҳамарӯза ба сокинон хизмат мерасонад.

Иншооти нав барои хизмати муосири тиббӣ ба 1600 оила ва 6 ҳазору 780 сокини деҳаи Қалъаи Дӯст бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир пешбинӣ шудааст.

Масоҳати умумии қитъаи замини Маркази саломатӣ 27 садяк буда, масоҳати замини иншооти навбунёд 495 метри мураббаъ мебошад.

Саҳни муассисаро гулҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан зиннат бахшидаанд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар маркази нави саломатӣ шароиту имкониятҳои муосири кору хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табибон дастур доданд, ки дар вақти ташхис ва табобати беморон масъулияти бештар дошта бошанд ва пеш аз ҳама баҳри беҳдошти солимии ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.

Сокинони деҳаи Қалъаи Дӯст бунёди марказро аз зумраи иқдомҳои роҳбарияти давлат дар самти татбиқи босамари сиёсати иҷтимоӣ ва тӯҳфаи арзанда ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ — 35 солагии Истиқлоли давлатӣ меноманд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Нахустин ҷаласаи гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” барои соли 2024

Истаравшан: ба истифода додани Маркази саломатии деҳаи Варсиқ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии кӯмакҳои беруна дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар баргузор гашт

Вохурӣ бо табибони ҷавон, ки зинаи ординатураи клиникиро дар хориҷи кишвар хатм кардаанд

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Дар амал ҷорӣ намудани боз як усули нави ҷарроҳӣ дар самти бемориҳои рагҳои мағзи сар

Фаъолияти анҷомдодаи  лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (P178878)  дар соли 2024

Search