Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вазорат таҷлил гашт

Имрӯз, 26-уми январи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 25 январ дар ҷумҳурӣ қайд карда мешавад, чорабинии идона доир гашт, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саломуддин Юсуфӣ, муовини вазир Ҳабибулло Хайруллозода, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарон ва кормандони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии мамлакат иштирок намуданд.

Дар чорабинии тантанавӣ муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саломуддин Юсуфӣ бо сухани табрикотӣ баромад карда, ҳозирин ва дар симои онҳо кулли кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии мамлакатро бахшида ба Рӯзи касбиашон шодбош гуфт.

Тавре қайд карда шуд, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди устувори ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун яке аз омилҳои калидии баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, таъмини суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16-уми декабри соли 2025 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” иброз доштанд, ки фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, хусусан, гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат мебошад.

Аз ин рӯ, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҷиҳати таъмин намудани самаранокии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намояд.

Инчунин, дар Паём зикр гардид, ки аз ҷониби роҳбарони тамоми сохторҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳаллу фасли масъалаҳои ба танзим даровардани муносибатҳои меҳнатӣ, таъминоти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ, фаро гирифтан ба шуғли пурмаҳсул ва дигар кафолатҳои давлатии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Дар ҳамин замина, қайд кардан ба маврид аст, ки низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати давлат ба шумор рафта, тавре ки дар адабиёти илмӣ қайд гардидааст, низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мафҳуми васеаш ҳамчун маҷмуи чорабиниҳои иҷтимоию иқтисодии давлатӣ фаҳмида мешавад, ки ба бунёд намудани шароити арзандаи зиндагӣ, дастгирии таъминоти ҳаётӣ ва таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон дар тамоми марҳилаҳои зиндагӣ, аз ҷумла дастгирии иҷтимоии гурўҳҳои осебпазири ҷомеа равона карда шудаанд.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул гардидани Консепсияи рушди хизматрасонии иҷтимоӣ, Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040 ва Барномаи маҷмӯии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 ва чандин барномаву нақшаҳои миллии амал ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ҷомеа мусоидат хоҳанд кард.

Лозим ба ёдоварист, ки дар рушди соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва амали гардидани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, қонунгузории соҳа, ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ саҳми роҳбарону мутахассисони соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ назаррас мебошад.

Дар амалишавии сиёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нақши шарикон оид ба рушд, созмонҳои байналхалқию ташкилотҳои ҷамъиятии ватанӣ низ хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар чорабинии идона бо назардошти дастовардҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ  як қатор кормандони соҳа барои муваффақиятҳо, комёбиҳои назаррас ва хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон, ки дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ саҳми арзанда гузоштаанд, бо нишони « Аълочии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон”, “Аълочии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон”, “Сипоснома” ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохта анҷомбахши чорабинии идона буд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Боздиди Абдухолиқ Амирзода аз беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода

«Муҳофизати биологӣ ва бехатарии биологӣ дар озмоишгоҳҳо»

Ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар вазорат

Ҷаласаи ҷамъбастии лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19  дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» 

БАРДОШТ АЗ ПАЁМ: Соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст

Дастовардҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ назаррасанд

Search