Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ва ҳайати ЮСАИД

Имрӯз, 26-уми ноябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ва ҳайати Агентии Амрико оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ЮСАИД) дар Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохурии мазкур ҳамзамон муовини вазир Абдухолиқ Амирзода, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои дахлдори вазорат иштирок намуданд.

Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода меҳмононро барои ташрифашон ба бинои вазорат хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва ояндасози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз буҳрони молиявию иқтисодӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавонист ба дастовардҳои намоён ноил гардад, ки дар ин самт саҳми шарикони рушд низ назаррас аст.

Қайд гардид, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамкориҳоро бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути агентиҳои дахлдори он ба роҳ мондааст. Аз ҷумла дар ин ҷода бо Агентии Амрико оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ЮСАИД) ва Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ (СДС) ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расида, то соли 2025 амал менамоянд.

Дар идомаи вохурӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ андешаронӣ намуда, дар ин самт ҳавасмандии хешро иброз доштанд.

Вохурӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гашт.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Навгонӣ. Дар Тоҷикистон бори аввал ҷарроҳии саратони ғадуди простата бо усули эндоскопӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Вокуниш. Овозаҳо атрофи хона ба хона гаштани як гурӯҳ табибони ношинос асоси воқеӣ надорад

Ба истфода додани шуъбаи дастгирии ҳамаҷонибаи оила ва кӯдак дар Маркази саломатии шаҳри Конибодом

Таҳлилу баррасии ду масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат доир шуд

Маросими кушодавшавии аксияи ҷумҳуриявӣ «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ»

Search
汽水音乐易歪歪HelloGPT易歪歪单机版沙盘telegram易翻译比特浏览器mumu模拟器