Рақамикунонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар доираи  “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”

Рақамикунонии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ талаби замон буда, дар ин самт аллакай тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда шуда истодаанд.

Дар ин замина, қайд кардан ҷоиз аст, ки яке аз самтҳои фаъолияти “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”-ин “Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ” (навсозии ҳифзи иҷтимоӣ) ба шумор меравад. 

Ҳамин тавр, ҷиҳати амалисозии банди мазкур раванди воридкунии маълумот ба системаи иттилоотии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ба роҳ монда шуд.

Бояд гуфт, ки модулҳои иттилоотии низоми ҳифзи иҷтимоӣ, ки дар доираи лоиҳа азнавсозӣ ва таҳия мегарданд, чунин мебошанд:

Модули кумакҳои унвонии иҷтимоӣ-бақайдгирии электронии аризаҳои оилаҳои камбизоат барои гирифтани кумакхои унвонии иҷтимоӣ (КУИ)

 Баҳодиҳии бавоситаи автоматикунонидашудаи ниёзмандӣ. Автоматикунонии ҳисобкунии ҳаҷм ва пардохтҳои молиявӣ;

  Модули ҳисоботдиҳӣ- ҷамъоварӣ, коркард ва ташккули автоматии ҳисоботҳои гуногуни ҳамаи системаҳо ва модулҳои ҳифзи иҷтимоӣ;

  Феҳристи миллии ҳифзи иҷтимоӣ (ФМҲИ)-махзани маълумоти гурӯҳи шаҳрвандони аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир; 

Модули экспертизаи тиббию-иҷтимоӣ (ЭТИ)-бақайдгирии электронии маъюбон, санади тиббии электронӣ, хулосаи тиббӣ;

Модули ҳисоботдиҳӣ.

Яъне, рақамикунонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ аз чунин системаҳо ва модулҳои амалкунанда: Модули кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, модули экспертизаи тиббию-иҷтимоӣ ва феҳристи миллии ҳифзи иҷтимоӣ, маҳзани маълумоти шаҳрвандони аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир иборат мебошад.

Бо мақсади тақвият додани модулҳои мавҷудаи АСИСТ ва Модули иттилоотии бақайдгирӣ ва экспертизаи тиббию иҷтимоӣ дар Феҳристи миллии низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар доираи лоиҳаи мазкур дастгоҳу таҷҳизотҳои муосир харидорӣ ва дастрас карда шуда, ҳамзамон мутахассисони соҳа омӯзонида шуданд.

Ҳамзамон, вобаста ба беҳтар кардани хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар доираи лоиҳа системаҳои электронӣ ва модулҳои дар марҳилаи анализ ва нақшабандӣ қарордода ба таври зайл муайян гардидаанд:

Кейс менеҷмент- мақсади асосии кейс-менеҷмент таъмин намудани татбиқи мақсадҳои кори иҷтимоӣ мебошад: ёрӣ расонидан ба истифодабаранда барои баромадан аз ҳолати душвори зиндагӣ ва таъмин намудани фаъолияти мустақилонаи истифодабаранда; 

Низоми ҳамгирошудаи кейс-менеҷмент (усули методии ба ҳам пайвастани эҳтиёҷоти инфиродии шахс ба кумак бо инфрасохтори мавҷудаи иҷтимоӣ) барои хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ ба занон, кӯдакон ва наврасони осебпазир таҳия ва ҷорӣ карда мешавад.

Дар доираи амалисозии низоми кейс-менеҷмент таҳияи системаи иттилоотӣ бо пешниҳоди таҷҳизоти зарурӣ, омӯзонидани кормандони иҷтимоӣ ва гузаронидани маъракаи иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ дар назар дошта шудааст. 

Дар заминаи Феҳристи азнасозишудаи миллии низоми ҳифзи иҷтимоӣ як силсила махзани иттилоотӣ (ё худ феҳристи иттилоотӣ) дар самти хизматрасониҳои иҷтимоӣ ташаккул дода хоҳад шуд, аз ҷумла:

феҳристи хизматрасониҳои тавонбахшӣ- бақайдгирии электронӣ ва роҳнамоии шаҳрвандон барои дастрас бархурдор шудан аз хизматрасониҳои иҷтимоии тавонбахшӣ;

феҳристи хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар хона- бақайдгирии гирандагони хизматрасониҳои иҷтимоӣ-маишӣ барои пиронсолони якаву танҳо, маъюбон ва кӯдакони маъюб дар шароити хона. Маълумотҳо оиди шумора ва сифати хизматрасониҳои аз тарафи хадамотҳои гуногуни иҷтимоӣ;

феҳристи хона-интернатҳо- феҳристи электронии хона-интернатҳо, маълумоти ном ба ном ва шумораи бошандагони онҳо, муроҷиат ва роҳхат, кат/ҷойҳои холӣ ва шумораву ҳайати кадрии кормандон;

феҳристи хизматрасониҳои санаторию-курортӣ- бақайдгирии электронӣ додани роҳхат ба шаҳрвандон барои табобати санаторию-курортӣ, номгӯи муассисаҳои табобатию-курортӣ, шумора ва ӯйхати истироҳаткунандагон, шумораи кат/ҷойҳои холӣ ва ҳайати кадрии кормандон;

феҳристи кумакҳои равонию-ҳуқуқӣ- бақайдгирии электронии шаҳрвандони аз хизматрасонии равонӣ бархурдоршуда.

Бақайдгирии хизматрасонии ҳуқуқии расонидашуда барои шаҳрвандони бо зӯроварӣ дар оила ва дигар намудани хушунат дучоргардида;

феҳристи хизматрасониҳои педагогӣ- феҳристи электронии муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳое, ки барои гузаштан аз курси такмили ихтисос мусоидат менамоянд, гирифтани касб ва шаҳрвандоне, ки ба таълим фаро гирифта шудаанд;

Модулҳои оянда- пешниҳодҳо ва проектҳои нав дар самти системаҳои электронӣ дар назар аст.

Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки дар доираи амалисозии “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” аллакай баҳри ба роҳ мондани рақамикунонии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуда, марҳила ба марҳила фаъолият дар ин самт боз ҳам беҳтару хубтар хоҳад шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи “Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”

Дар Хуҷанд Маркази нави ташхисию табобатии “Насли солим” ифтитоҳ гардид

Оид ба “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва раванди амалисозии ҳуқуқҳои иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ форуми байналмилалӣдоиргашт

Ҷаласаи корӣ оид ба тақсимоти микронутриентҳо ва витаминҳо дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”  

Ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон  дар соҳаи тандурустӣ

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара Маркази ташхис ва табобатиро ба истифода доданд

Search