“Расонидани кумаки аввалияи тиббию санитарӣ барои кӯдакон ва наврасон”

Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти мутобиқсозии маълумотномаи кисагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ таҳти унвони “Расонидани кумаки аввалияи тиббию санитарӣ барои кӯдакон ва наврасон”нишасти корӣ доир гашт, ки дар он мутахассисони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, намояндагони муассисаҳои олии тиббии таълимӣ, мудирони кафедраҳои бемориҳои кӯдакона, сармутахассисони соҳа, намояндагони раёсатҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе, роҳбарони шабакаи муассисаҳои КАТС-и шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, зерсохторҳои вазорат, инчунин шарикон оид ба рушд, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва мушовирони байналмилалӣ иштирок намуданд.

Тавре масъулини соҳа қайд намуданд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи муассисаҳои КАТС дар асоси принсипҳои тибби оилавӣ ба роҳ монда шуда, кӯдакон пас аз таваллуд, солҳои аввали ҳаёт ва давраи наврасӣ аз ҷониби табибони оилавӣ ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ бо назорат ва хизматрасонии тиббӣ фаро гирифта мешаванд. Бинобар ин, дар айёми кӯдакӣ ва наврасӣ пешниҳод намудани давраи пайвастаи кумаки тиббӣ бояд таъмин карда шавад.

Дастури мазкур барои бартараф намудани чунин мушкилотҳои ҷойдошта пешбинӣ шуда, дар он маълумотҳои муҳими муосир оид ба табобати ҳолатҳои ҷиддие, ки дар аксар мавридҳо кормандони муассисаҳои КАТС бо он рубару мешаванд, оварда шудааст. Дар он, инчунин ҳолатҳое оварда шудааст, ки ба салоҳияти мутахассисони маҳдуд дахл дорад ва он ба кормандони муассисаҳои КАТС имкон медиҳад, ки ташхис ва муолиҷаи нақшавии кӯдакон ва наврасон бо як ё якчанд бемориҳои музмин гузаронида шавад.

Дастури пешниҳодгашта ба тақвиятбахшии муносибати комплексии солимии кӯдакон ва наврасон мусоидат намуда, таваҷҷуҳи калон ба оммавигардонии тарзи ҳайёти солим, пешгирии бемориҳо, бартараф кардани омилҳои хатарнок ва назорати бемориҳои музмин равона шудааст.

Чораҳои пешгирикунанда аз давраи навзодӣ то давраи наврасиро дарбар гирифта, масъалаҳои синамаконӣ, ташрифҳои назоратӣ ба назди табиб, ғизои иловагӣ, саривакӣ муайян кардани мушкилотҳои инкишоф ва пешниҳод намудани дахолатҳои барвақтӣ, дастгирӣ намудани рушди кӯдакони синни бармаҳал ва баланд бардоштани маърифати тиббии наврасон муфассал дарҷ гаштаанд.

Дастури барои мутахассисони муассисаҳои КАТС ва доираи васеи мутахассисони соҳаи хизматрасониҳои тиббӣ ба кӯдакон, аз ҷумла барои табибони кӯдакона, сироятшиносҳо, эҳёгарон, инчунин донишҷӯёни курсҳои болоӣ ва курсҳои ординатура ва интернатураи клиникии муассисаҳои олии таълимии тиббии тодипломӣ ва баъдидипломӣ пешбинӣ шудааст.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search