Россия. Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми “Ҷамъияти солим”

Рӯзҳои 16-17-уми марти соли 2026 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар заминаи кластери «Ломоносов»-и Маркази инноватсионӣ-технологии илмии Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва форуми “Ҷамъияти солим” баргузор гашт, ки дар он намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода ширкат варзиданд.

Дар ҷаласаҳои пленарии форуми мазкур як қатор масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла “Беҳтарин таҷрибаҳои кишварӣ ва минтақавӣ барои тақвияти тандурустии ҷамъиятӣ”, “Пешгирии хатарҳои рафторӣ дар бемориҳои ғайрисироятии музмин: самаранокии маҳдудиятҳо ва манъкуниҳо” ва дигар самтҳои муҳими соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи иштирок дар ин форум ҳамзамон вохуриҳои дуҷонибаи муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Хайруллозода бо котиби давлатӣ ва муовини вазири тандурустии Федератсияи Россия ва муовини директори Муассисаи буҷетии федералии “Маркази миллии тадқиқоти тиббии терапия ва тибби пешгирикунанда”-и Вазорати тандурустии Федератсияи Россия низ доир гашт.

Дар ҷараёни вохуриҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search