Сармутахассиси соҳавии вазорат дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо сазовори медал гашт

Рӯзҳои 25-27-уми октябри соли равон дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе чемпионати ҷаҳон оид ба сабмо миёни устодон ё собиқадорони соҳа доир гашт, ки дар он зӯрозмоиҳо миёни паҳлавонони аз 35-сола боло аз рӯи 7 синну сол сурат гирифт.

Дар ин мусобиқоти сатҳи ҷаҳони самбо миёни калонсолон дар категорияи М5 зери вазни 88 кг Қиёмиддин Хоҷаев, сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муоинаи тиббӣ иштирок ва сазовори медали биринҷии мусобиқот гардид.

Маврид ба зикр аст, ки кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар мунтазам баҳри оммавигардонии варзиш ва тарғибу ташвиқи он саҳми назарраси худро мегузоранд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Шиносоии Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти корҳои сохтмонии Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ доир шуд

Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ гашт

Вокуниш ба навори видеоии шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба маҳлули Лидокаина Гидрохлорид

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Диққат, эълон!

Поиск