Семинари омӯзишӣ оид ба рақамикунонии хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе баргузор гашт

Санаи 14 апрели соли равон дар Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи маблағгузории лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”, семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Чорабинӣ ба модулҳои таҷдидшудаи иттилоотии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва бақайдгирии электронии аризаҳои шаҳрвандон дар сатҳи ҷамоатҳо ва минтақаҳои истифодабарии манзил бахшида шуда, то 18 апрели соли ҷорӣ идома меёбад.

Дар рафти ифтитоҳи семинар директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Сафарзода, менеҷери лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” Ҷамшед Каримов, инчунин намояндагони бахшҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва кормандони минтақаҳои истифодабарии манзили ноҳияҳои Фирдавсӣ, Сино, Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки баргузории ин семинар бо мақсади тақвият бахшидани равандҳои рақамикунонии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дар доираи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2025, таҳти №911 “Дар бораи эълон намудани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия»” роҳандозӣ гардидааст.

Дар идомаи чорабинӣ мутахассис оид ба рақамикунонии соҳаи тандурустӣ Манучеҳри Асомиддин вобаста ба ҷанбаҳои техникӣ, аз ҷумла тарзи воридшавӣ ба низом, пур намудани маълумоти зарурӣ ва афзалиятҳои асосии системаи иттилоотии бақайдгирӣ ба иштирокчиён маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Модулҳои зикршуда дар заминаи “Пойгоҳи ягонаи рақамии низоми ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷдид гардидаанд. Ҳадафи асосии ин пойгоҳ рақамикунонии равандҳои дастгирии иҷтимоии қишрҳои ниёзманди аҳолӣ мебошад. Модулҳо барои самтҳои гуногун, аз ҷумла мутамарказ намудани коркарди аризаҳои шаҳрвандон барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар сатҳи ҷамоатҳо ва маҳалҳо, гузариш ба низоми рақамии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ барои муайян намудани маъюбият, идоракунии феҳристи миллии ҳифзи иҷтимоӣ ва автоматикунонии пардохтҳои кумакҳои иҷтимоӣ истифода мешаванд.

Бояд зикр намуд, ки дар айни замон модулҳои амалкунандаи иттилоотӣ вобаста ба кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва феҳристи миллии ҳифзи иҷтимоӣ таҷдид гардида, барои гузаронидани озмоиш (тестӣ) дар ҳафт шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Ваҳдату Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав пешниҳод шудаанд.

Дар марҳилаи минбаъда “Пойгоҳи ягонаи рақамӣ” барои густариши инфрасохтори рақамии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва таҳияи модулҳои нави иттилоотӣ дар самти хизматрасониҳои иҷтимоӣ заминаи устувор фароҳам меорад. Ҳамзамон, он бо системаҳои муҳими дигар сохторҳои давлатӣ ҳамгиро гардида, барои қабули автоматии қарорҳои дахлдор мусоидат хоҳад кард.

Дар рафти семинар ба иштирокчиён аз ҷониби мутахассисони соҳа оид ба раванди рақамикунонии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва такмили хизматрасониҳои иҷтимоӣ маълумоти муфид ва амалӣ пешниҳод карда шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 6300 адад дарахти арча шинонида шуд

Ш.Шоҳин. Ба роҳ мондани усулҳои нави ҷарроҳӣ бо иштироки мутахассисони вазорат

Search