Шиносоии Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти корҳои сохтмонии Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон

Имрӯз, 29-уми январи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар шаҳри Душанбе бо рафти корҳои сохтмонии бинои нави Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” аз наздик шинос гашт.

Бояд гуфт, ки сохтмони бинои нави муассисаи номбурда бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи лоиҳаи “Ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, ёрии таъҷилӣ, марҳилаи 5” ҷараён дорад.

Дар ин ҷо ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода роҳбарияти Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” лоиҳаи бинои нави муассисаро муаррифӣ намуд.

Қайд гардид, ки айни ҳол корҳо дар иншооти нави тандурустӣ тибқи лоиҳаи тасдиқгардида ҷараён дошта, баҳри бо сифати баланд ва ҷавобгу ба талаботи замон ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ маҳсулоти баландсифат истифода гашта, ҳамзамон сохтмончиёни ботаҷриба ба кор ҷалб гаштаанд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба он шахсоне, дар бунёди бинои нави ин муассисаи тандурустӣ масъул мебошанд, баҳри босифати баланд ва дар муҳлати муайянгашта ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру тавсиҳои судманд дод.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search