Тақдими 3400 адад либоси гарм барои тифлони норасид

27-уми майи соли равон аз ҷониби ҷамъияти хайриявии ризокорони “28 ҳалқаи Тоҷикистон’’ ба Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» 3400 либоси гарм барои тифлакони норасид тақдим карда шуд.

Дар маросими тақдими либосҳо муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода, роҳбарият ва кормандони муассисаи мазкур иштирок намуданд.

Зимни қабули либосҳо барои тифлони норасид муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои роҳбарияти ҷамъияти хайриявии ризокорони “28 ҳалқаи Тоҷикистон’’ барои чунин дастгирӣ изҳори миннатдорӣ баён кард.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола санаи 1-уми июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии кӯдакон таҷлил мегардад. Санаи таҷлили Рӯзи атфол ҳанӯз дар соли 1925 дар Анҷумани ҷаҳонии вазъи кӯдак дар шаҳри Женеваи Швейтсария муқаррар гардида буд.

Бояд гуфт, ки 17-уми январи соли 2022 дар кишвар ҷамъияти хайриявии ризокорони “28 ҳалқаи Тоҷикистон” ба фаъолият оғоз кард. Дар айни замон он зиёда аз 20 нафар духтарон ва занони ихтиёриёнро муттаҳид намудааст, ки барои кӯдакони бармаҳал таваллудшуда ҷуроб, кулоҳ ва дигар лавозимоти зарурӣ мебофанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search