Тақвияти ҳамкориҳо бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон

Санаи 06-уми феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Судипто Мукерҷи мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода Судипто Мукерҷиро ба муносибати таъйин гардиданаш ба ин мақоми баланд ва пурмасъулият табрику таҳният гуфта, изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамкориҳо миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар самти рушди устувори соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт.

Қайд гардид, ки Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид аз соли 1993 дар Тоҷикистон фаъолият дошта, дар татбиқи «Стратегияи миллии ҳифзи солимии аҳолӣ то соли 2030» саҳми назаррас дорад.

Дар ҷараёни вохурӣ натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Хазинаи Глобалӣ оид ба мубориза бар зидди бемориҳои сил ва ВНМО баррасӣ гардида, беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ ва инфрасохтори соҳаи тандурустӣ, инчунин рақамикунонии соҳа низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо ҳамкориҳои самараноки Барномаи рушди СММ-ро ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда, аз ҷумла бартарафсозии оқибатҳои заминларза дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод баланд арзёбӣ намуда, изҳори умед карданд, ки ин ҳамкориҳо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд

Мутахассиси эронӣ ва табибони тоҷик оид ба дарёфти нуқсон ва иллатҳои модарзодии тифл табодули таҷриба намуданд

Вохурӣ бо шарикони рушд

Франсия: Иштироки Ғафур Муҳсинзода дар вохурии сатҳи баланд оид ба фарогирии умумии хизматрасонии тиббӣ

Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ шуд

Ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи cолонаи соли чоруми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-4) доир гашт

Search