Рушди босуръати соҳаи ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон

Рушди босуръати соҳаи ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон
Июл 22
09:01 2019

Ҷарроҳӣ яке аз самтҳои муҳимтарини соҳаи тиб ба шумор меравад, ки нақши он дар барқарорсозӣ ва солимгардонии инсонҳо бағоят калон мебошад. Маҳз ба воситаи ҷарроҳӣ инсонҳо саломатии худро барқарор намуда, ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд. Боиси хушнудист, ки айни замон дар кишвари азизамон бисёр ҷарроҳиҳои мураккаб, ки қаблан гузаронида намешуданд, амалӣ карда мешаванд.  Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷарроҳӣ, узви вобастаи академияи илмҳои тиб, профессор  Саидилҳом Аҳмадзода суҳбат намудем:

– Хушбахтона солҳои охир шумораи шаҳрвандони кишвар, ки барои ҷарроҳӣ ба мамлакатҳои хориҷа сафар менамоянд, ба маротиб коҳиш ёфта истодааст. Сараввал дар бораи ваъзи имрӯзаи соҳаи ҷарроҳӣ дар кишвар каме маълумот медодед.

– Соҳаи ҷарроҳӣ яке аз нишондодҳои асосии хизатрасонии тиббӣ ба аҳолии кишвар маҳсуб меёбад. Зеро агар баҳодиҳӣ барои табобати дигар гурӯҳи бемориҳо нисбӣ бошад, мардум ба хизматрасонии тиббие, ки тавассути ҷарроҳӣ анҷом дода мешавад,  бевосита баҳо медиҳад. Барои он, ки табобати ҷарроҳӣ дар лаҳзаҳои аввал ҳам натиҷа медиҳад ва ҳам сатҳи хизматрасониро муайян мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар тӯли 28 соли даврони Истиқлолият дар қатори дигар кишварҳо ба раванди ҷаҳонишавӣ  пайвастагии хуб дорад,  ба пешравии соҳаи ҷарроҳӣ мушарраф гардидааст. Таъкид бояд намуд, ки барои мардуми мо 25-30 сол пеш ҳатто фикр кардани амалиёти ҷарроҳии баъзе бемориҳо дар Тоҷикистон ғайриимкон буд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ 19 ҳазору 80 табиб фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 5830 нафар, яъне 31%-и онҳо дар самти ҷарроҳӣ кору фаъолият доранд. Айни замон дар соҳаи тандурустии  кишвар 142 доктори илми тиб ва 496 номзади илми тиб фаъолият мекунанд, ки аз ин шумора 302 нафар номзади илми тиб ва 61 доктори илми тиб ба соҳаи ҷарроҳӣ мансуб мебошанд. Ин худ гувоҳи он аст, ки  соҳаи ҷарроҳии кишвар бевосита зери назорат буда,  фаъолияти он дар сатҳи зарурӣ  ба роҳ монда шудааст.

Дар ин росто, мехоҳам зикр намоям, ки давоми панҷ соли охир аз тарафи кормандони соҳаи ҷарроҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон 236 усули нави табобат дар хизмати мардум роҳандозӣ гардидааст. Яъне, панҷ сол пеш ин миқдор усули табобат дар кишвар вуҷуд надошт. Агар соли 2014 дар Тоҷикистон 150 ҳазор амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуда бошад, соли 2018 дар кишвар 273 186 ҳазор амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст. Нишондиҳандаҳои болозикр гувоҳи онанд, ки дар тӯли даврони Истиқлолият соҳаи ҷарроҳии кишвар ба таври бесобиқа рушд намудааст. Қобили зикри махсус аст, ки ба роҳ мондани ин миқдор усули табобат дар соҳаи ҷарроҳии кишвар маҳз бо таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ва тавассути тайёр намудани кадрҳои баландихтисос  ба даст омадааст. Сарвари давлат бо кормандони соҳаи тиб бештар вохӯрда, бо онҳо  суҳбат мекунанд ва бо ин васила аз вазъи соҳаи мазкур огаҳии бештар пайдо менамоянд. Тибби муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи ҷарроҳӣ маҳз бо шарофати вохӯриҳо ва суҳбатҳои ошкорои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи тандурустӣ рушд намуда истодааст.

-Имрӯз барои гузаштани  кадом намуд амалиётҳои ҷарроҳӣ шаҳрвандони кишвар ба хориҷ  сафар менамоянд?

-Мувофиқи  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шаҳрванд ҳуқуқ дорад, ки табиб ва ҷойи табобатро интихоб намояд. Ин ҳуқуқи озоди шаҳрвандист, ки қонун муайян намудааст. Мо ҳуқуқ надорем, ки касеро барои ба хориҷи кишвар барои табобат ва ҷарроҳӣ рафтан монеа бишавем. Пӯшида нест, ки ҳар нафаре шароит  дорад, мехоҳад ба Амрико, Туркия, Россия ва дигар кишварҳои олам биравад ва саломатии худро барқарор намояд. Ва дар ин самт ҳар кас ҳуқуқи интихоб карданро дорад. Аммо бояд зикр намуд, ки аксар амалиётҳои ҷарроҳие, ки дар кишварҳои дигар амалӣ карда мешаванд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳам иҷро карда мешаванд. Бинобар ин, қисми зиёди бемороне ҳастанд, ки ҳарчанд дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон бемории онҳо ҷарроҳӣ карда мешавад, аммо эшон боз ба хориҷ сафар мекунанд. Иқрор бояд шуд, ки имрӯз мо ба он сатҳе нарасидаем то, ки ҳама намуд амалиётҳои ҷарроҳиро дар дохили кишвар анҷом бидиҳем. Аз ҷумла ҷарроҳии бемориҳои вазнини дарғоти дил, иваз намудани  клапанҳои дил, роҳҳои маҷроҳои хунгарди дил, ҷарроҳиҳои дил барои кӯдакони навзод, бемориҳои ҳароммағз, сутунмӯҳра ва баъзе амалиётҳои ҷарроҳии дигар аз нигоҳи технологӣ дар кишвар як андоза мушкилотҳо вуҷуд доранд, ки шаҳрвандони мамлакат барои анҷом додани онҳо ба хориҷи кишвар сафар мекунанд. Имрӯз на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ягон кишвари олам, ба истиснои кишварҳои абарқудрати дунё, ки худ истеҳсолкунандаи чунин дастгоҳҳо мебошанд, сад дар сад технологияи ҳозиразамони тибро харидорӣ карда наметавонад.

– Сол то сол сафи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон ба онҳо амалиётҳои гуногуни ҷарроҳӣ гузаронида мешавад, меафзояд. Ба назари шумо чӣ чиз шаҳрвандони хориҷиро барои гузаштан аз амалиётҳои ҷарроҳӣ ба  Ватани мо меорад?

-Агар хизматрасонии тиббӣ боэътимод набошад, ягон шаҳрванди хориҷӣ зарур намедонад, ки барои анҷом додани амалиёти ҷарроҳӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  сафар намояд. Эътимод дар дараҷаи баланди хизматрасонӣ, касбияти мутахассис ва дастрас будани нархи ҷарроҳӣ.

Яке аз сабабҳое, ки шаҳрвандони хориҷӣ барои амалиёти пайвандсозии узвҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меоянд, арзон будани нархи хизматрасонӣ мебошад.

Фикр мекунам муроҷиати шаҳрвандони хориҷӣ низ дар оянда барои гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам зиёд мешавад ва ин омил на танҳо боиси баланд шудани соҳаи ҷарроҳии кишвар, балки номи кишвари азизи мо дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як кишвари пешрафтаи мутараққӣ низ бештар аз пештар муаррифӣ хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки шаҳрвандони хориҷӣ бештар бо мақсади пайвандсозии узвҳо ба табибони тоҷик муроҷиат менамоянд. Табибони мо дар кӯтоҳтарин вақт барои гузаронидани ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо омода шуданд.

То имрӯз дар ҷумҳурӣ ба 118 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст, ки аз ин шумора 29 нафар аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, 37 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон, 31 нафар аз Исроил ва боқимонда аз  давлатҳои хориҷи дуру наздик мебошанд.

Бо мақсади дастрас гардонидани хизматрасониҳои ҷарроҳӣ ба шаҳрвандони мамлакат ҳанӯз соли 2010 маҳз бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон»  таъсис дода шуд. Ба фаъолият шурӯъ намудани чунин як маркази ҷавобгӯ ба талаботи замонавӣ  имкон ба вуҷуд овард, ки шаҳрвандони мамлакат бо харҷи камтари маблағ дар ватани худ амалиётҳои пайвандсозии узвҳоро гузаранд.

Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» то имрӯз дар маҷмӯъ ба зиёда аз 612 нафар бемор амалиёти пайвандсозии гурда ва 41 нафар бемор ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар, дар 6 моҳи соли 2019 бошад ба 56 нафар бемор (дар 6 моҳи соли 2018-57 бемор) амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 6 нафар (дар 6 моҳи соли 2018-5 бемор) ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шудааст.

Ин намуди табобат соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби се олими тоҷик: Нусратуллоев Исматулло, Қурбонов Убайдулло ва Ғоибов Алиҷон бе иштироки ягон мутахассиси хориҷӣ гузаронида шуд.

-Дар маҷмӯъ, вазъи соҳаи тандурустии кишварро дар айни замон чӣ гуна баҳо медиҳед?

– Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон агар нақлиёти “Ёрии таъҷилӣ” 20 дақиқа дер ояд, доди шаҳрвандон то ба сурайё мерасад. Ҳоло он, ки дар бархе кишварҳои сернуфузи дунё мардум моҳҳо ба ёрии тиббӣ дастрасӣ надоранд. Дар Ҳиндустон агар 1 миллиарду 200 миллион аҳолӣ зиндагӣ намоянд, наздики 500 миллион аҳолии ин кишвар аз  дастрасӣ ба ёрии тиббӣ  моҳҳо дур мебошанд. Дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ёрии таъҷилӣ” ба мардум ройгон мебошад ва ҳар нафар метавонад дар кӯтоҳтарин вақт ба он дастрасӣ пайдо намояд. Мутаассифона, мо инро муқоиса намекунем. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон бемор сарфи назар нест ва ҳар шаҳрванди мамлакат тибқи Конститутсия ҳуқуқ ба дастрасии ёрии тиббиро дорад. Имрӯз беҳтарин дастовардҳои тибби ҷаҳонӣ на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки ҳатто дар деҳаҳои дурдасттарин низ ба аҳолӣ  дастрас мебошанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар баробари муассисаҳои тиббии давлатӣ, инчунин муассисаҳои тиббии хусусӣ фаъолияти пурсамар доранд, ки  дар маҷмӯъ, баҳри беҳтар расонидани хизматрасонии тиббӣ ба мардум мусоидат хоҳанд кард. Ҳарчанд имрӯз дар хизматрасонии ҷарроҳӣ бархе норасоиҳо дар кишвар вуҷуд доранд, аммо шаҳрвандони мамлакат ба хизматрасонии тиббӣ сад дар сад дастрасӣ доранд ва ин худ гувоҳи он аст, ки соҳаи тандурустии мамлакат дар баробари дигар кишварҳои минтақа ва олам рушд намуда истодааст. Бо таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол бо суръати баланд ҷараён дорад. Сохта ба истифода додани муассисаҳои тиббӣ дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон имрӯз дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст. Дар маҷмӯъ, дастовард ва навгониҳое, ки айни замон дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар мерасанд, худ далели раднопазири онанд, ки соҳаи мазкур дар мамлакат рӯ ба рушд аст.

Суҳбаторо Хусрав Шоҳсаидов

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 307
  • 989
  • 887,661