Имруз ҳамчунин дар дораи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Маркази саломатии деҳоти Бӯстон ба истифода дода шуд. Аҳли ин деҳа ва деҳоти гирду атроф Маркази навбунёдро чун тӯҳфаи арзанда ба мардуми маҳаллӣ дар арафаи ҷашни бузурги Рӯзи ваҳдати миллӣ қабул карданд. Маркази саломатии мазкур дар доираи амалисозии лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ сохта ба истифода дорда шуд. Маркази мазкур ҳамчунин бо тамоми таҷҳизоти тиббии зарурӣ, таҳлилгоҳ ва мебели тиббӣ таъмин гардидааст.
Дар маросими ифтитоҳи Марказ муовини раиси вилояти Хатлон Зоирзода Умед, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ Шавкат Бобозода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Саида Ғайрат, ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Содиқова, намояндагони лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Амирбеки Темур ва роҳбарони сохтори тандурустии вилояти Хатлон ва ноҳияи Ёвон иштрок ва суханронӣ намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи сиҳатии аҳолӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, табибону ҳамшираҳои шафқатро ба меҳнати софдилона ва босамар истифода кардани таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ даъват намуданд.
Бо дастрасӣ ба чунин муассисаи замонавӣ ва дорои тамоми шароитҳои лозимӣ кормандони соҳаи тиб метавонанд сифати хизматрасониро ба мардуми ин деҳа боз ҳам беҳтару хубтар намоянд. Ба хусус дар муассисаҳои навтаъсис ҷой доштани таҳлилгоҳ ва ҳуҷра барои хатнаи кӯдакон ба мардуми деҳоти Бӯстон ва гурду атрофи он имкон медиҳад, ки бе сарфу харҷи зиёдатӣ аз хизмати табибони маҳаллӣ дар самти ташхису табобат истифода бурда, хатнаи саривақтии кӯдаконро гузаронанд.