Шиносоии Абдухолиқ Амирзода бо фаъолияти Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ва суҳбати озоду ошкоро бо беморон

Шиносоии Абдухолиқ Амирзода бо фаъолияти Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ва суҳбати озоду ошкоро бо беморон
Ноябр 22
10:21 2021

Ҷиҳати аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи хизматрасонии муассисаҳои тандурустӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ба вилояти Суғд сафар намуда, аз вазъи феълии хизматрасонии як қатор  муассисаҳои тандурустӣ дидан намуд.

Аз ҷумла муовини вазир дар шаҳри Хуҷанд ба Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба номи С.Қутфиддинов ташриф овардаву бо фаъолияти он шинос гардида, инчунин, бо беморон суҳбати озоду ошкоро анҷом дод.

Номбурда аснои суҳбати озоду ошкоро бо беморон иброз намуд, ки роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушд ва пешрафти соҳаи тандурустӣ имрӯзҳо тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона сохта истодаанд.

Махсусан, қайд гардид, ки имрӯзҳо дар вилояти Суғд низ сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар шуда истодааст, ки ин аз таваҷҷуҳи хосаи Роҳбарияти олии мамлакат ба соҳаи мазкур дарак медиҳад.

Дар идома муовини вазир Абдухолиқ Амирзода бо роҳбарият ва кормандони беморхонаи мазкур доир ба масъалаҳои омодагӣ ба давраи зимистон, таъмини муассиса бо гармӣ, маводи сӯзишворӣ ва хӯрока, назорати беморон ва дигар масъалаҳо суҳбат намуда, ба онҳо баҳри боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 20
  • 816
  • 1,242
  • 949,836