Оғози ҳамкориҳои вазорат бо Донишгоҳи Йели Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Оғози ҳамкориҳои вазорат бо Донишгоҳи Йели Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Январ 07
15:47 2023

Миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Йели Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамкориҳои илмӣ ва техникӣ ба роҳ монда мешавад. Вобаста ба оғоз бахшидани  ҳамкориҳо 7 январи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо намояндагони донишгоҳи мазкур таҳти роҳбарии профессорон Фредрик Алтис ва Линн Маден мулоқот намуд. Дар мулоқот ҳамзамон роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии Ню-Йорк Ораш Алоӣ ва дигар масъулини вазорат низ иштирок доштанд.

Махсусан, дар доираи ҳамкориҳо кӯмаки техникӣ ва илмии Донишгоҳи мазкур дар самти пешгирӣ ва табобати як қатор бемориҳо, аз ҷумла бемориҳои ВНМО, гепатитҳои В ва С ва ғайра дар назар дошта шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки Донишгоҳи Йели Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  ба қатори 11 донишгоҳи беҳтарини олам шомил мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 953
  • 1,242
  • 949,973