Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” такондиҳандаи рушди хизматрасонии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббии ноҳияи Деваштич

Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” такондиҳандаи рушди хизматрасонии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббии  ноҳияи Деваштич
Ноябр 29
12:37 2022

Дар заминаи ваҳдату ягонагӣ, пойбарҷо будани Истиқлолияти комили давлатӣ  соҳаи тандурустӣ, ки ҳомии сиҳатии сокинон аст, дар қатори дигар соҳаҳои муҳим дар қаламрави мамлакат  рушду намӯи хоссаеро касб кардааст. Ҳамин аст, ки дар давоми Соҳибистиқлолии кишвар  шумораи беморхонаву дар умум муассисаҳои соҳаи тандурустӣ якчанд маротиб зиёд гардида, марказҳои сиҳатӣ бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти тиббӣ таъмин гардиданд ва дар замина вазъи хизматрасонии тиббӣ боло бардошта шуд, инчунин дастовардҳои илмиву амалии соҳавӣ боис гашт, ки мушкилтарин ҷарроҳиҳо бо ҳузури мутахассисони соҳибтаҷриба гузаронида шавад.

Ҳамин аст, ки дар тамоми давру замон соҳаи тандурустӣ дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи афзалиятнок эътироф шуда, дар доираи татбиқ ва роҳандозии барномаҳои гуногуни давлатӣ дар ин самт корҳои муайян ба анҷом расидаанд. Ҳамин аст, ки дар давоми қариб се даҳсолаи охир ва ё таи солҳои Истиқлоли комили миллӣ соҳаи тандурустӣ дар мамлакат бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Маврид ба тазаккур аст, ки дастовардҳои илмиву амалӣ дар сохтори муассисаҳои  тандурустии сар то сари мамлакат ба миён омадааст. Агарчӣ дар солҳои қаблӣ вазъи хизматрасонии босифати тиббӣ ва гузаронидани амалиёти ҷароҳии хурду бузург дар муассисаҳои тиббии шаҳрҳову маркази вилоятҳо гузаронида мешуд, имрӯзҳо рушди соҳаи тибб дар дурдасттарин минтақаҳои кишвар баръало мушоҳида мегардад.

Воқиеан имрӯз дар саросари мамлакат вазъи беҳдоштӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, дар беморхонаву муассисаи соҳаи тандурустӣ ҳатто амалӣ гардидани мушкилтарин ҷарроҳиҳо бароҳ монда шудааст, ки ин ҳама дастовардҳо пеш аз ҳама аз суботи ҷамъиятиву таваҷҷӯҳи хоссаи ҳукумати мамлакат ба сиҳатии омма нигаронида шудааст.

Тибби оилавӣ ва рушди низоми хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалия тиббӣ, ки заминаи пешгирии хуруҷи бемориҳо ва таъмини сиҳатии сокинон дониста мешавад аз рӯзҳои аввали Соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷӯҳи роҳбарити олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт.  Татбиқ гардидани Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Умумиҷаҳонӣ роҳандозӣ гардидааст, дар рушди низоми хизматрасонии тиббӣ муассисаҳи кӯмаки аввалияи тиббии як қатор ноҳияҳои кишвар аз ҷумла ноҳияи Деваштич назаррас арзёбӣ мегардад.

Агар танҳо ба дасторвадҳои ҳосилшуда зимни татбиқи Лоиҳаи мазкур  дар самти хостмону азнавсозӣ назар афканем, дида мешавад, ки дар солҳои охир таҳти сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд хоссатан дар ҳамкории мутақобила бо  Бонки умумиҷаҳонӣ  дар заминаи татбиқи Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ»   4 адад Маркази саломатии   сохта ба истифода дода шуда ,  ҳамагӣ бо таҷҳизотҳои замонавй  таъмин карда шудааст.

Дар ноҳия 2 маркази саломатии ноҳиявӣ, 18 адад марказҳои саломатии деҳот ва 20 бунггоҳҳои саломатӣ фаъолият мебаранд. Қобили зикр аст, ки аз замони татбиқи Лоиҳа дар ноҳия 18 марказҳои саломатӣ таҳти сарпарастӣ қарор дода шуда 4 марказ пурра азнавсозӣ гардид, боқимонда таъмир ва бо дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ таъмин шуданд.

Кормандони муассисаи кӯмаки аввалияи тибби санитарии ноҳия аз татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Умумиҷаҳонӣ роҳандозӣ гардидааст, изҳори сипос менамоянд ва гуфта мешавад, ки татбиқи Лоиҳаи мазкур ба рушди низоми хизматрасонии тибии ноҳия кӯмаки зиёде намуд.

Бояд зикр намуд, ки то ба соли 2020  татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар 10 ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд;  Ёвон, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор, Қубодиён ва Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Мастчоҳ амалӣ гардида, дар замина корҳои назарраси ҳамгуфте пиёда шуд, вале аз оғози  соли 2021 фарогирии татбиқи лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавӣ афзоиш ёфт ва 6 ноҳияи   нави таҷрибавии ҷумҳурӣ; Кӯшониён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, инчунин ноҳияи  Дарвози ВМКБ шомил гардонида шуданд. Ҳамин тавр, татбиқи механизми Лоиҳа дар 16 ноҳияҳои таҷрибавӣ аз оғози соли 2021 то охири нимсолаи якуми соли 2023 идома пайдо хоҳад кард.

Агарчӣ дар тули татбиқи Лоиҳаи мазкур бо азнавсозии марказҳои саломатии деҳот, таъмин намудани муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ бо дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ, нақлиёти ёрии тиббӣ ва хизматрасонӣ корҳои назарраси зиёде пиёда гардиданд. Дар солҳои охири фаъолияти Лоиҳа таъмири копиталии як қатор муассисаҳои тиббии  зери сарпарастии он қарордошта ва бо таҷҳизоти муоссири тиббӣ таъмин намудани онҳо аз ҳадафҳои аслии Лоиҳаи  “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” арёбӣ мегардад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 694
  • 1,242
  • 949,714