Таҷлили Рӯзи Ғалаба

Таҷлили Рӯзи Ғалаба
Май 06
16:12 2024

6-уми майи соли ҷорӣ  ба ифтихори 79-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар Муассисаи давлатии «Осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон»-и ноҳияи Варзоб ҳамоиши идона баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед,  директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода, муовини Раиси ноҳияи Варзоб Фарзона Хоҷазода, раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Маъюбони ҷанг дар Афғонистон” Ҳикматулло Мирзоев, раиси Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалистони ноҳияи Варзоб Одина Муҳиддинов ва собиқадорони соҳаҳои гуногун иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед  ҳозирин ва дар симои онҳо кулли сокинони мамлакатро ба ифтихори Рӯзи Ғалаба табрику шодбош намуда, ба онҳо саломативу сарбаландӣ ва муваффақияту бурдборӣ таманно намуд.

Гуфта шуд, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвари мо ба ҷанг сафарбар гардида, дар майдони муҳориба зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд.

Тавре доир ба зарурияти таҷлили ин санаи таърихӣ  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд”.

Қобили зикр аст, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар баробари родмардони тоҷик, ҳамчунин, занону куҳансолон ва наврасони кишварамон дар ақибгоҳ шабонарӯзӣ заҳмат кашида, дар таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ кумак мерасониданд ва саҳми шоистаи худро барои наздик овардани ғалаба мегузоштанд.

Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба масъалаи ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбон ва оилаҳои иштирокчиёни ҷанг эътибори ҷиддӣ зоҳир карда, ин иқдомро то имрӯз идома дода истодааст.

Барҳақ, вазифаи ҳар як инсон аст, ки гузаштаи кишвари худро бишиносад ва онро қадрдонӣ намояд ва корнамоиҳое, ки ветеранҳои мо – онҳое, ки дар ҷабҳаҳои муҳорибаҳо ҷангидаанд ва онҳое, ки дар солҳои ҷанг дар ақибгоҳ заҳматҳои беназир карда Ғалабаро баҳри ояндаи дурахшони ҳамаи наслҳо ба даст овардаанд, фаромӯш насозанд.

Дар ҷумҳурии азизамон бо роҳбарӣ ва ташаббусҳои беназиру созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ветеранҳои ҷанг таҳти ҳимояти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, баҳри дастгирии онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар ин замина, қайд гардид, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзи сиҳатии собиқадорон ва хизматрасонии иҷтимоӣ ба онҳо  пайваста чорабиниҳо амалӣ карда мешаванд.

Ҳамзамон, тамоми ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ омодаанд, ки ҳар як ветерани ҷангу меҳнатро таҳти назорати тиббӣ гирифта, аз аҳволи саломатиашон бохабар бошанд ва дар мавридҳои зарурӣ ба онҳо хизмати дахлдор расонанд. Ғамхорӣ ва таъминоти иҷтимоию тандурустии иштирокчиён ва ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамеша дар мадди назари роҳбарият ва мақомоти масъули тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ  қарор дорад.

Дар идомаи чорабинии идона собиқадорони соҳа бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 113
  • 989
  • 887,467