Зубайдулло Зубайдзода ва Алӣ Сулаймон ас-Саид масъалаи пешгирии коронавирусро баррасӣ намуданд

Зубайдулло Зубайдзода ва Алӣ Сулаймон ас-Саид масъалаи пешгирии коронавирусро баррасӣ намуданд
Март 19
08:32 2020

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Муовини Вазири корҳои хориҷии он кишвар дар масаъалаҳои Осиё Алӣ Сулаймон ас-Саид мулоқот намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вохӯрӣ ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳо дар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардида, атрофи пешгирии шуюи коронавирус (COVID-19) табодули афкор сурат гирифт.

Маврид ба зикр аст, ки то имрӯз, 19 марти соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Аммо, новобаста ба ин, чораҳои пешгирикунандаи он рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони мамлакат даъват ба амал меорад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба сирояти коронавирус, ки гӯё дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, бовар нанамоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 683
  • 1,242
  • 949,703