«Таъмини бехатарии минтақавӣ бо роҳи таҳкими хизматрасониҳои аввалияи тиббию санитарӣ”

25-уми ноябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади оғози корҳои омодагӣ, таҳия ва барномарезии лоиҳаи «Таъмини бехатарии минтақавӣ бо роҳи таҳкими хизматрасониҳои аввалияи тиббию санитарӣ”, ки аз ҷониби Бонки осиёии рушд дастгирӣ меёбад, ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, шарикон оид ба рушд, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат ва мутахассисону коршиносони соҳа иштирок намуданд.

Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар зимни сухани ифтитоҳӣ аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба Бонки осиёии рушд ва Фонди пондемикӣ барои дастгирии лоиҳаи мазкур изҳори миннатдорӣ баён карда, доир ба зарурати татбиқи лоиҳа андешаронӣ кард.

Тавре гуфта шуд, ин лоиҳа ба кишвари мо дар самти навсозии марказҳои эпидемиологӣ ва хадамоти санитарии сатҳи ноҳиявӣ, ҷойгиркунии озмоишгоҳҳои бемориҳои сил, ВИЧ ва тропикӣ бо лабораторияҳои ноҳиявӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин, ҷорӣ намудани системаи ягонаи назорат ва иттилооти лабораторӣ ва навсозии инфрасохтори куҳна кӯмак хоҳад кард. Он инчунин иқтидори мамлакатро тавассути беҳтар кардани ташхиси бемориҳо, муассисаҳои карантинӣ ва воҳидҳои назорати сайёр тақвият хоҳад дод.

Зикр гардид, ки ин лоиҳа Ҷумҳурии Тоҷикистонро боз ҳам ба як кишвари фаъоли минтақавӣ дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ ва омодагӣ ба пандемия қарор медиҳад.

Дар доираи ҷаласаи корӣ аз ҷониби як қатор иштирокчиён вобаста ба сатмҳои гуногуни лоиҳа ва дурнамои ҳамкориҳо дар рафти татбиқи он маълумот пешниҳод карда шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Нахустин ҷаласаи гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” барои соли 2024

Истаравшан: ба истифода додани Маркази саломатии деҳаи Варсиқ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии кӯмакҳои беруна дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар баргузор гашт

Вохурӣ бо табибони ҷавон, ки зинаи ординатураи клиникиро дар хориҷи кишвар хатм кардаанд

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Дар амал ҷорӣ намудани боз як усули нави ҷарроҳӣ дар самти бемориҳои рагҳои мағзи сар

Фаъолияти анҷомдодаи  лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (P178878)  дар соли 2024

Search