Имрӯз, 20-уми марти соли равон бахшида ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз дар саҳни бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид, ки дар он муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Абдухолиқ Амирзода, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ, муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, шаҳри Душанбе, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва доираи васеи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок намуданд.
Дар саҳни бинои вазорат гӯшаҳои наврӯзӣ ташкил гардида, дар онҳо унсурҳои Наврӯз – ҳафтсину ҳафтшин, таомҳои баҳорӣ, асбобҳои мардумӣ, сару либоси миллӣ, гулдӯзиҳо, зарфҳои қадима ва дигар ашёҳои зарурӣ ба намоиш гузошта шуданд. Ҳар як гӯша фарогири дастовардҳои ҳунарҳои мардумии минтақаҳои кишвар-бозгӯкунандаи русуми аҷдодӣ ва маҳорати баланди ҳунармандон буд.

Баъд аз сайри наврӯзӣ, ки роҳбарияти вазорат ва меҳмонон гӯшаҳои наврӯзиро тамошо карда, бо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода ҳозиринро бо Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуда, ба ҳамагон барору комёбиҳои нав ба нав таманно дошт. Зикр гардид, ки Наврӯз – ин иди аҷдодии тоҷикон, пайвандгари қалбҳову кишварҳо буда, дар арсаи ҷаҳонӣ фарҳанги баланди инсонпарваронаи мардуми моро муаррифӣ менамояд.
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз гуфтаанд: “Ҷаҳонишавии Наврӯз дар марҳалаи нави таърихи давлатдории мо имкон фароҳам овард, то мардуми олам бо такя ба фитрату сиришти ин ҷашни қадима аз ҳар ҷиҳат ба он бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, зеро муҳтавои Наврӯз танҳо марбут ба қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неку созандаи он метавонанд ҳамчун омили муҳими ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат мекунад”.
Яке аз фазилатҳои Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат- ин вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ, сабзгардониву парвариши ниҳол ва бунёди боғҳо мебошад, ки ин анъана дар тамоми мамолики таҷлилкунандаи иди Наврӯз риоя ва амалӣ карда мешавад.

Қайд гардид, ки имрӯзҳо дар фазои софу беғубор ва сулҳпарвари сарзамини куҳанбунёд ва муҳити созандаю бунёдгари Ватани маҳбубамон накҳати яке аз қадимтарин ва зеботарин ҷашни аҷдодиамон-Наврӯзи хуҷастапай танинандоз асту аз шарофати он қалби пиру барноро эҳсоси гуворою фараҳбахш фаро мегирад. Наврӯз ба рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебопарастӣ, инсондӯстӣ, дур сохтани кинаҳо, ҳамдигарбахшӣ ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона табдил ёфтааст.
Баъдан, дар доираи чорабинии идона озмуни беҳтарин қироати шеър ва табрикоти наврӯзӣ байни кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гаштанд.
Баҳри болидарӯҳии ҳозирин барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохта ва иборат аз суруду таронаҳои саршор аз васфу ситоиши баҳору Наврӯз пешниҳод гардид.

Ҳамин тавр, Наврӯзи байналмилалӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бо шукуҳу шаҳомати хоса ва бо риояи суннатҳои хоси ин ҷашни бостонӣ таҷлил карда шуд.