“Назорати эпидемиологии бемориҳои сироятӣ ва ҳолатҳои фавқулодда”

Бо мақсади бозомӯзии мутахассисони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” ва ноҳияҳои ғайритаҷрибавии сарҳадӣ аз 01 октябр то 21 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе даврҳои омӯзишӣ доир ба “Назорати эпидемиологии бемориҳои сироятӣ ва ҳолатҳои фавқулодда” барои 200 нафар мутахассисони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Имрӯз, 14-уми октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои  50 нафар мутахассисони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даври омӯзишӣ оғоз гардид, ки он давоми 5 рӯз идома мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар доираи татбиқи татбиқи қисмати.3 Лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” “Омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустӣ ва эътино ба онҳо” чанд даврҳои омузишӣ ба нақша гирифта шудаст.  Даври омӯзишӣ, ки дар  толори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оғоз гардид, “Назорати эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ҳолатҳои фавқуллода” унвон гирифта, чанд намуди бемориҳои сироятӣ, пешигириву назорати онро мавриди ҳадаф қарор додааст.

Зимни ифтитоҳи даври омӯзишӣ сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии вазорат Саид Давлатзода  суханронӣ намуда, зарурати вокуниш ва пешгирии саривақтии бемориҳоро дар ҳолатҳои фавқулодда таъкид кард. Дар ин замина, бо дастгирии Лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” доир намудани ин даврҳои омузишӣ саривақтиву зарурӣ шуморида шуд. 

Ёдовар мешавем, ки айни замон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 7 лоиҳаи давлатии сармоягузориро амалӣ намуда истодааст, ки яке аз онҳо Лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” буда, бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст. Бонки Ҷаҳонӣ дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ яке аз аввалин  шарикони боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мизи мудаввар доир шуд

Паёми табрикотии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Озмуни байналмиллали эҷодӣ оид ба эссе, видеосюжетҳо, аксҳо ва расмҳо таҳти унвони «Ҳуқуқ ба саломатӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ баргузор гардид (АКС)

Омӯзиши раванди фаъолияти Комиссияи ҷумҳуриявии фавқулоддаи зиддиэпидемиявӣ

Вохурӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Исломии Эрон

Search
汽水音乐易歪歪HelloGPT易歪歪单机版沙盘telegram易翻译比特浏览器mumu模拟器