Ташаббуси Пешвои миллат дар таҳкими амнияти ҷаҳонӣ

Хурсандибахш аст, ки дар арафаи таҷлили санаи таърихӣ-29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ боз як руйдоди муҳими сиёсӣ ба вуҷуъ омад, ки ин пазируфта шудани пешниҳоди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва қабули қатъномаи махсус зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мебошад. Дар асоси ин қатънома, ки 25 июни соли 2026 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул гашт, солҳои 2027–2036 ҳамчун “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” эълон карда шуд.

Боиси зикр аст, ки дар арафаи таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ қабул гардидани қатъномаи мазкур ҳамчун муждаи нек ва фараҳбахш аз ҷониби тамоми сокинони мамлакат бо руҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ пазируфта шуд.

Тавре дар шарҳи қатъномаи мазкур гуфта мешавад, тавассути қабули он давлатҳои узви СММ уҳдадории муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои муҳими таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда тасдиқ кардаанд.

Воқеан ҳам пазируфта шудани пешниҳоди навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» аз ҷониби бонуфӯзтарин созмони олам-Созмони Милали Муттаҳид бори дигар баёнгари эътирофи сиёсати сулҳҷуёна ва оқилонаву дурандешонаи Сарвари давлати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ба шумор меравад.

Дар ҳоле, ки имрӯзҳо як қатор минтақаҳои гуногуни олам дар пайи ҷангу низоъҳо ноороманд ва шаҳрвандони зиёд, аз ҷумла занону кӯдакон мавриди азобу хушунат қарор мегиранд, пешниҳоди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он равона гардидааст, ки бояд барои наслҳои оянда аз ҳоло заминаи сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ гузошта шавад.

Зеро бидуни сулҳу ваҳдат ва осоиштагӣ рушду пешрафти ҷомеа ғайриимкон аст ва махсусан, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтан ва дар руҳияи инсондустиву хештаншиносӣ ба воя расонидани насли наврас ва ҷавон пеш аз ҳама бояд ҷомеа ором бошад.

Аз ин рӯ, қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии СММ зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки аз хиради азалӣ ва сиёсати сулҳҷуёнаи Пешвои маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, бори дигар ба оламиён ҳушдор медиҳад, ки танҳо дар ҳамбастагӣ ва дар якҷоягӣ метавон ба сулҳи сартосарӣ дар ҷаҳон расид ва барои наслҳои оянда як ҷомеаи ором боқӣ гузошт.

Дар таърихи инсоният ҳеҷ арзише ба андозаи сулҳ барои бақои ҷомеа ва рушди тамаддун нақши сарнавиштсоз надоштааст.

Агар илму фарҳанг инсонро ба қуллаҳои маърифат расонад, иқтисод сатҳи зиндагиро беҳтар намояд ва технология имкониятҳои нав фароҳам оварад, пас ҳамаи ин танҳо дар фазои сулҳу субот метавонанд рушд ёбанд. Аз ҳамин ҷост, ки сулҳ на танҳо набудани ҷанг, балки муҳити мусоид барои зиндагӣ, озодӣ, эҷодкорӣ ва пешрафти инсоният мебошад.

Имрӯз ҷаҳон дар марҳилаи ҳассоси таърихи худ қарор дорад. Низоъҳои мусаллаҳона, буҳронҳои сиёсӣ, рақобатҳои геополитикӣ, таҳдидҳои терроризм ва ифротгароӣ, ҷинояткории фаромиллӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар мушкилоти глобалӣ нишон медиҳанд, ки амният ва сулҳ дигар танҳо масъалаи як давлат ё як минтақа нестанд. Ҳар буҳроне, ки дар як гӯшаи олам сар мезанад, метавонад ба зиндагии миллионҳо нафар дар минтақаҳои дигар низ таъсир расонад. Аз ин рӯ, сулҳ имрӯз ба арзиши умумибашарӣ табдил ёфтааст.

Сулҳи пойдор танҳо дар сурати эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳкими муколама, рушди ҳамкориҳои созанда ва эҳтироми манфиатҳои муштараки давлатҳо таъмин мегардад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ исбот кардааст, ки истифодаи нерӯи низомӣ метавонад баъзе ихтилофҳоро муваққатан боздорад, аммо сулҳи воқеӣ танҳо тавассути гуфтушунид, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод ба вуҷуд меояд. Аз ҳамин хотир, дипломатия ва фарҳанги сулҳ дар сиёсати байналмилалии имрӯз ҷойгоҳи махсус касб кардаанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз беш аз ҳар вақти дигар ба фарҳанги сулҳ ниёз дорад. Ин фарҳанг маънои рад кардани хушунат, таҳкими таҳаммулпазирӣ, эҳтироми гуногунандешӣ ва рушди муколамаи байни халқҳо ва тамаддунҳоро дорад. Сулҳ аз мактаб оғоз мешавад, дар оила ташаккул меёбад ва тавассути сиёсати масъулиятшиносонаи давлатҳо устувор мегардад. Аз ин рӯ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ яке аз шартҳои муҳими ҳифзи сулҳ мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳамкориҳои байналмилалӣ дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ мавқеи худро дар ин самт пайваста таҳким бахшидааст. Сиёсати хориҷии кишвар бар принсипҳои дӯстӣ, эҳтироми мутақобила, ҳамкории созанда ва ҳалли мусолиматомези масъалаҳои байналмилалӣ асос ёфтааст.

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, инчунин пешниҳоди таъсиси «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» бозгӯи ҳамин сиёсати дурбинона мебошанд.

Ин ташаббус танҳо пешниҳоди як санади байналмилалӣ нест, балки паёми сиёсӣ ва ахлоқӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Он аз тамоми давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват мекунад, ки барои ҳифзи сулҳ, пешгирии низоъҳо ва таъмини зиндагии шоиста барои наслҳои оянда масъулияти муштаракро эҳсос намоянд.

Таҷрибаи таърих нишон медиҳад, ки ҳар миллате, ки сулҳро ҳифз кардааст, ба пешрафт ноил гардидааст. Баръакс, ҳар ҷомеае, ки гирифтори ҷанг ва низоъ шудааст, солҳои зиёд барои барқарор намудани иқтисод, инфрасохтор ва эътимоди мардум талош кардааст. Аз ин рӯ, арзиши сулҳ танҳо дар рӯзҳои ҷанг дарк намешавад, сулҳ сармояи муҳимтарини ҳар давлат ва кафолати рушди устувори он мебошад.

Имрӯз, ки ҷаҳон ба ҳам вобастагии бештар пайдо кардааст, ҳифзи сулҳ на танҳо вазифаи сиёсатмадорон, балки рисолати ҳар як инсони соҳибмаърифат аст. Бо таҳкими фарҳанги сулҳ, эҳтироми қонун, рушди илму маърифат ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ метавон ҷаҳони амнтар ва одилонатарро барои наслҳои имрӯз ва фардо бунёд намуд.

Ҷамолиддин Абдуллозода

доктори илмҳои тиб, профессор,

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Иштирок ва суханронии Ҷамолиддин Абдуллозода дар маросими хатми ботантанаи донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ

Баррасии се масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯстиро ифтитоҳ намуданд

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд

Пас аз таъмир ба истифода додани шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва таваллудхонаи Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор

Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд

Search