Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Чанде қабл дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ зери унвони “Ҷарроҳии миниинвазивӣ ва техникӣ” баргузор гашт, ки дар кори он як гурӯҳ мутахассисони ҷарроҳи тоҷик бо шумули Аҳмадзода С.М., саркорманди илмии Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Расулов Н.А., мудири кафедраи ҷарроҳии Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Раҳмонзода Қ., мудири шуъбаи ҷарроҳӣ, Воситзода А., мудири шуъбаи ташхисӣ ва Алимов С., мудири шуъбаи эндоҷарроҳии Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ”-и шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Қобили зикр аст, ки зимни конгресси мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба тариқи маҷозӣ баромад карда, баргузории чунин чорабинии сатҳи баландро фурсати хубе баҳри табодули таҷриба ва густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши тандурустӣ арзёбӣ кард.

Ҳамин тавр, дар давоми се рӯз дар ду толори “Маркази Олимпик” дастовард ва масъалаҳои ҳалталаби ҷарроҳии лапароскопӣ, миниинвазивӣ ва роботӣ дар мавзӯи чурраҳои абдоминалӣ ва ахалазияи меъда, саратони колоректалӣ, омосҳои интестиналии меъдаву руда, фарбеҳии морбидӣ, бемории рефлюксии меъдаву руда, бемориҳои бачадон ва омосҳои коси хурд, бемориҳои қафаси сина, ғадуди сипаршакл, бемориҳои абдоминалӣ ва урологии кӯдак, бемориҳои ҷигар ва ғадуди зери меъда бо баҳсу мунозираҳои далели илмидошта баррасӣ гаштанд.

Дар ин раванд, натиҷаи табобати ҷарроҳии лапароскопии эхинококкози ҷигар, ки дар Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст, баррасӣ гашта, он аз ҷониби иштирокчиёни ҳамоиши илмӣ хуб пазируфта шуд.

Инчунин, дар раванди конгресси мазкур аз таҷрибаи олимону ҷарроҳони эронитабор, ки берун аз ин кишвар қарор доранд, низ тавассути маҷозӣ истифода гашт.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳар як мактаби илмии дар Эрон фаъолиядошта табобати ин ё он бемориро бо дарназардошти иттилооти илмӣ, бардошт аз маҷаллаҳои илмии бонуфуз роҳандозӣ намуда, ҳангоми баррасии масъала нозукӣ ва ё камбудии ин ё он усул ошкоро баён карда мешавад, ки шунаванда ихтиёр дорад, усули дилхоҳро қабул намояд.

Созмондиҳандаи ин конгресс Донишгоҳи тиббии ба номи Шаҳид Биҳиштии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳисоб мерафт, ки он дорои 8 клиника ва 16 самти фаъолияти тиббӣ мебошад.

Ҳамин тавр, пешниҳод шуд, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи августи соли 2025 дар шаҳри Душанбе як конгресси байналмилалӣ бо даъвати табибони варзида, ки дар самти тайёр намудани мутахассисони ватанӣ саҳмгузоранд, ташкил ва баргузор карда шавад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ

Муаррифии лоиҳаи “Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббӣ”

Иштирок дар 24-умин Форуми глобалии ғизои кӯдакон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Вохурӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Search