Табрикоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба муносибати Наврӯзи оламфарӯз

Бо камоли эҳтиром ва самимияти хоса кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва кули ҳамватанони азизро ба муносибати ҷашни зебои Наврӯзи оламафрӯз табрику шодбош намуда, ба хонадони ҳар кадоми онҳо пеш аз ҳама файзу баракат, хушбахтиву саодатмандии бепоён ва меҳру садоқати ҷовидонаро таманно менамоям.

Маҳз натиҷаи сиёсати оқилонаву дурандешона ва фарҳангпарваронаи Сарвари хирадсолор ва фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар Ватани зебоманзари мо чунин чорабиниҳои бошукӯҳ бо иштироки тамоми қишрҳои ҷомеа бо руҳияи баланди шодмонӣ таҷлил карда мешаванд.

Ҷашни Наврӯз барои мо – тоҷикон, ки меросбарони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ мебошем, аз қадим то имрӯз як падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ва ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ба шумор меравад.

Дар ҳақиқат, мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст.

Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад.

Маҳз бо ҳамин сабаб ин падидаи асили фарҳангӣ ҳаргиз куҳнашавиро намепазирад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати мардуми башар боқӣ мемонад.

Мусаллам аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо кушишу талош ва иқдомҳои фарҳангпарваронаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри азнав зинда кардани иду ҷашнҳои миллии ниёгонамон тадбирҳои зарурӣ руи кор гирифта шуданд.

Ҳамагон шоҳидем, ки бо иқдому ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдорӣ аз тарафи роҳбарияти давлатҳои ҳавзаи Наврӯз санаи 19 феврали соли2010 қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуд, ки дар он 21 -уми март таҷлили Ҷашни Наврӯз ба унвони ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид.

Дар ҳақиқат ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ чунин тадбирандешӣ баҳри эҳёи таърихии Иди Наврӯз ва таҷлили минбаъдаи ин суннати фарҳанги маънавӣ барои миллати тоҷик фахри бузург мебошад.

Бинобар ин, таҳқиқ ва эҳё намудани ойину анъанаҳои бостонии ҷашни Наврӯз ва бузургдошти сатҳи баланди он ҳамчун арзиши бебаҳо барои меросбарони ояндаи миллати мо бояд вазифаи муқаддас бошад.

Наслҳои мо бояд аз таърихи хеш огоҳӣ пайдо намоянд ва ҳамеша расму оинҳои миллии қадимаи аҷдодиамонро нигоҳдор бошанд. Чунки тамоми оинҳои Наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявианд ва метавонанд наслҳоро ба покии зоҳиру ботин, садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебоипарастӣ ҳидоят намоянд.

Дар ин лаҳзаҳои идона бори дигар ҳамаи ҳамватанони гиромиро ба ифтихори ҷашни фархундаи Наврӯзи оламафрӯз аз самими қалб табрику шодбош гуфта, барояшон рӯзгори пурсаодат, умри дарози бобаракат ва ба Тоҷикистони биҳиштосоямон осмони софу беғуборро таманно менамоям.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Иқдоми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муаррифии тибби тоҷик дар арсаи ҷаҳон

Ню-Йорк. Иштирок ва суханронии Ҳабибулло Хайруллозода дар иҷлосияи 19-уми Конфронси давлатҳои иштирокчии Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои шахсони дорои маъюбият

Боздиди гурӯҳи корӣ аз раванди корҳои ободониву созандагӣ дар муассисаҳои тандурустии Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Шартҳои вазифавӣ (TOR) барои вазифаҳо тибқи Шартномаи миллии меҳнатӣ

Мушкилоти номувофиқатӣ (ғунчоишнопазирӣ)-и таркибот (ингредиент)-ҳо дар шаклҳои доругӣ ва усулҳои бартараф кардани он дар амалияи фарматсевтӣ

Боздид аз рафти хизматрасонии тиббии Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода

Search
汽水音乐易歪歪HelloGPT易歪歪单机版沙盘telegram易翻译比特浏览器mumu模拟器