Иммунизатсия яке аз қадамҳои муҳим дар ҳифзи саломатии кӯдакон ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ба ҳисоб меравад. Ваксинаҳо масуниятро мустаҳкам карда, на танҳо фарзандони шумо, балки атрофиёнатонро низ аз гирифторшавӣ ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ муҳофизат менамоянд.
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳим ва муассири пешгирии бемориҳои сироятӣ буда, дар таъмини саломатии аҳолӣ нақши калидӣ дорад. Чӣ қадаре ки одамон бар зидди сироятҳои муайян иммунизатсия карда шаванд, эҳтимоли пайдоиши хуруҷи ин бемориҳо, эпидемияҳо ва дигар намуди бемориҳои хатарнок камтар мегарданд. Ин омил махсусан, барои ҳифзи аҳолии осебпазир, ба монанди кӯдакон, нафарони бо бемориҳои вазнини норасогии масуният, занони ҳомила ва одамони гирифтори бемориҳои музмин муҳим мебошад. Бо дарки он, ки бидуни сиҳатии комил зиндагӣ ва шароити хуби рӯзгор арзише надорад, инсоният ҳамеша аз пайи дарёфти дармон ба бемориҳои мухталиф қарор мегирад. Ҳамин аст, ки тиб яке аз қадимтарин илми инсонӣ дониста мешавад. Агарчӣ аҳли башар дар масири таърих ба дастовардҳои беназири илмӣ дар ҷаҳони тиб мушарраф гашт, аммо боз ҳам зуҳур намудани бемориҳои мухталифи сироятиву ғайрисироятӣ боиси қурбонии одамони бешумор гардиданд. Таърих гувоҳ аст, ки одамият баҳри ба даст овардани пирӯзӣ дар муқобили маризиҳо ва ё дарёфти роҳу услуби дармон ба дилхоҳ беморӣ кӯшишҳои зиёде ба харҷ додаву муваффақ ҳам шудааст. Аммо дар баробари дасторвадҳои илмиву амалии ҳосилшуда, боз ҳам зуҳури бемориҳо инсониятро ором намегузошт. Хушбахтона, бо ихтироъ гардидани ваксинаҳо роҳҳои пешгирии бемориҳои вазнину ниҳоят хатарнок, аз ҷумла тоун, вабо, сил, хуноқ, кузоз, полиомиелит ва ғайра пайдо гардида, билохира онҳо бемориҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда шинохта шуданд.
Ба хотири рушанӣ андохтан ба масъалаи пешгирии бемориҳои бо воситаи иммунизатсия идорашаванда дар байни кӯдакон суҳбате оростем бо директори генералии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Саидзода, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем:

– Муҳтарам Файзалӣ Саидзода, нухуст мегуфтед, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакони аз 0 то 18-сола бояд чӣ гуна ваксина бигиранд?
– Ташаккур. Бояд гуфт, ки мутобиқи Тақвими миллии иммунизатсия, ки бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, кӯдакон аз давраи таваллуд то синни 16 солагӣ ёздаҳ намуди ваксинаҳои ҳаётан муҳимро дар чунин вояҳо қабул мекунанд: ҳангоми таваллуд (давоми 24 соат): вояи сифрии ваксинаи даҳонии зидди бемории фалаҷ (полиомиелит) (OPV) ва вояи якуми ваксинаи гепатити В-ро, дар синни 3 то 5 рӯзи баъд аз таваллуд ваксинаи зидди бемории силро (BCG), дар синни 2 моҳагӣ вояи якуми ваксинаи пентавалентиро (бар зидди бемориҳои гулӯзиндонак, кабудсулфа, кузоз, сирояти гемофилии шакли b, гепатити В) дар якҷоягӣ бо вояҳои якуми ваксинаи ОПВ-1, зидди сирояти ротавирусӣ (Рота-1) ва зидди сирояти пневмококкӣ (ВПК-1), дар 3 моҳагӣ вояҳои дуюми ваксинаҳои пентаваленти-2, ОПВ-2, Рота -2 ва вояи якуми ИПВ1 (бар зидди полиомиелит), дар 4 моҳагӣ вояҳои сеюми ваксинаҳои пентаваленти-3, ОПВ-3 бо вояи дуюми ваксинаҳои ВПК-2, дар 9 моҳагӣ вояи дуюми ваксинаи ИПВ-2, дар 12 моҳагӣ вояи чоруми ваксинаи ОПВ-4 дар якҷоягӣ бо вояи якуми ваксинаи зидди бемориҳои сурхча- баногӯшак- гулафшон (СБГ-1) ва вояи сеюми ваксинаи ВПК-3, дар 16—23 моҳагӣ ваксинаи АКДС-4, дар 6 солагӣ вояи дуюми СБГ-2 бо АДС ва дар синни 16-солагӣ ваксинаи АДС-м-ро ҳамчун реваксинатсия кӯдакон бояд қабул кунанд.
-Пӯшида нест, ки дар масъалаи гирифтани ваксина барои кӯдакон махсусан дар байни волидон ҳанӯз ҳам бархе андешаҳои нодуруст вуҷуд доранд, ки гӯё ваксина ба саломатии кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад. Мегуфтед, ки оё дар ҳақиқат ваксинаҳо бехатаранд ва ҳангоми ваксинагирӣ волидон бояд бештар ба чӣ диққат диҳанд?
– Ҳамаи ваксинаҳое, ки ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд, дорои сертификати Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мебошанд, ки он бехатарию самаранокии ҳар як ваксинаро кафолат медиҳад.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки ҳар як инсон вокуниши ҷавобии худро ба воридкунии тамоми маводҳои ба организми ӯ бегонабуда дорад. Ҳангоми воридкунии ваксинаҳо низ, вобаста аз оне, ки чи қадар организми одам масунияти ҷавобии баланд дошта бошад, ҳамон қадар вокуниши орагнизми ӯ намоёну шиддатнок мегузарад. Инчунин, ҳангоми гирифтани ваксина бояд пеш аз ҳама волидон ба мавҷудияти аллергия дар фарзандаш, махсусан ба ҷузъҳои ваксина диққат бидиҳанд. Ҳамзамон, волидоне, ки фарзандонашон бемории вазнини норасогии масуният доранд, бояд бо табиб маслиҳат кунанд, то муайян созанд, ки кадом намуди ваксинаҳоро фарзандонашон метавонанд қабул кунанд. Мехоҳам як нуқтаро қайд созам, ки ҳангоми ҷой доштани бемориҳои шадид ва ё авҷгирии бемориҳои музмин, ваксина гирифтан ба таъхир гузошта мешавад.
– Пас оё ҳангоми бемор будани кӯдак ваксина гирифтани он мумкин аст?
– Дар давраҳои авҷгирии бемориҳои музмин ё ҷой доштани бемориҳои шадид, табиб бояд гузаронидани иммунизатсияро то барқарор шудани саломатии кӯдак ба таъхир гузорад. Ин ҳолат метавонад аз 4 то 7 рӯзро дар бар гирад, махсусан ҳангоми шамолкашӣ ё зуком, ки бо баландшавии ҳарорати бадани кӯдак мегузарад. Дар ҳама ҳолат, пеш аз гузаронидани иммунизатсия волидон бояд аз муоинаи табиби оилавӣ гузаранд ва ҳолати кӯдакро барои қабули ваксинаҳо арзёбӣ намоянд.
-Кӯдакро барои иммунизатсия чӣ гуна бояд омода кард?
– Пеш аз ваксина гирифтан тавсия дода мешавад, ки кӯдак аз муоинаи табиби оилавӣ гузарад, то боварӣ ҳосил шавад, ки кӯдак ягон бемориҳои шадид, аксуламалҳои аллергӣ ва ғайра надорад.
Инчунин, умуман тавсия дода намешавад, ки ба фарзандатон пешакӣ ва бидуни дастури табиби оилавӣ доруворӣ дода шавад. Агар шумо дар бораи вокуниши эҳтимолӣ ба ваксина нигаронӣ дошта бошед, беҳтар аст, ки инро бо табибони худ муҳокима намоед.
Дар баъзе мавридҳо табиби шумо метавонад тавсия диҳад, ки доруҳои зиддиалергитикӣ пас аз иммунизатсия агар лозим бошад, бигирад.
Инчунин, сабти ваксинаҳои худро тафтиш кунед ва ҳама гуна аксуламалҳои қаблиро ба ваксинаҳо бо табиб муҳокима намоед, агар онҳо ҷой дошта бошанд. Тавсияҳои табибро риоя кунед, то кӯдаки худро дар вақти иммунизатсия бехатар ва солим нигоҳ доред.
– Мехостем бифаҳмем, ки кадом ваксинаҳои иловагӣ, ғайр аз ваксинаҳои нақшавӣ мавҷуданд?
– Ваксинаҳои иловагие мавҷуд ҳастанд, ки онҳоро бидуни иммунизатсияҳои нақшавӣ, ҳангоми ҷой доштани омили хатари сироятшавӣ ба беморӣ, баланд бардоштани масунияти коллективӣ ва таъмин намудани амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ истифода мебаранд.
Ҳамин ҷо мехостам қайд кунам, ки баъзе аз ваксинаҳои иловагӣ аллакай дар Тақвими миллии иммунизатсия ворид карда шудаанду онҳоро ҳамчун вояи иловагӣ барои боз ҳам уствор намудани масунияти коллективии аҳолӣ истифода мебаранд. Инҳо ваксинаҳои зидди сурхча-баногӯшак-гулафшон, зидди бемории фалаҷ, сирояти пневмококкӣ, гулӯзиндонак ва дигар намуди ваксинаҳое мебошанд, ки дар доираи чорабиниҳои иммунизатсионии оммавӣ ба монанди Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ истифода бурда мешаванд. Инчунин, ҳаст қатори дигари ваксинаҳои иловагие, ки дар Тақвими миллии иммунизатсия ворид нашудаанду бо нишондодҳои эпидемиологӣ ва пешгирии баъзе аз сироятҳо истифода бурда мешаванд, инҳо ваксинаҳои менингококкӣ, зидди зуком, сирояти нави Коронавирус, домана, гепатити А, ҳорӣ ва ғайраҳо мебошанд.
Воқеан ҳам, ваксинаҳо яке аз кашфиётҳои бузурги илмии ҳама давру замон ба ҳисоб рафта, барои аз насл ба насл ҳифз намудани аҳолӣ аз бисёр бемориҳои сироятӣ кӯмак мерасонанд. Пас саривақт гузаронидани иммунизатсияҳои нақшавӣ барои ҳар як фард зарур мебошад.
Дар ҳақиқат, ваксинаҳо барои ҳифзи сиҳатии одамон, махсусан барои муҳофизати саломатии кӯдакон аз ҳар гуна бемориҳо ҳамчун сипари боэътимод ба шумор мераванд.
-Муҳтарам Файзалӣ Саидзода, барои чунин як мусоҳибаи пурмуҳтаво аз шумо сипосгузорем ва ба кору фаъолияти минбаъдаатон барору муваффақият хоҳонем.
Суҳбаторо Азиза Самадова
корманди Маркази матбуоти
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон