Вохурӣ бо масъулин ва коршиносони байналмилалии Бонки ҷаҳонӣ

05-уми августи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҳабибулло Хайруллозода бо масъулин ва коршиносони байналмилалии Бонки ҷаҳонӣ дар ҳошияи “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” баргузор шуд.

Тавре зикр гардид, ки дастгирии оилаҳои камбизоат бо пардохти кумакпулии якдафъаина, ки дар доираи компоненти якуми лоиҳа дар назар буд, бомуваффақият анҷом пазируфта, маблағҳои пешбинишуда ба пуррагӣ пардохт гардидаанд.

Марҳилаи дуюми фаъолиятҳо дар доираи компоненти сеюми лоиҳа таҳияи дастури методии кейс-менеҷмент барои ташкили хизматрасониҳои маҷмӯӣ ва фарогир ба оилаҳои камбизоат, аз ҷумла маъюбон, кӯдакон, пиронсолон, занони ҳомиладор – аъзои оилаҳои камбизоат шурӯъ гардида, бо ин мақсад коршиносони байналмилалӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ҷалб карда шудаанд.

Муовини вазир Ҳабибулло Хайруллозода дар анҷоми вохурӣ зикр намуд, ки бо мақсади татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат ва амалисозии пурраи “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” махсусан компоненти сеюм тибқи фармоиши дахлдор шаҳру ноҳияҳои озмоишӣ муайян гардидаанд ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар омодааст то тадбирҳои заруриро андешад ва амалӣ намояд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои Шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказиро мавриди истифода қарор доданд

Аслидин Раҷабов: тамоми таҷҳизотҳои муосире, ки дар соҳаи силшиносии кишварҳои пешрафтаи олам мавҷуд ҳастанд, дар кишвари мо низ дастрас мебошанд

Брифинг оид ба муаррифии технологияҳои рақамӣ барои назорати бемории сил

Баррасии масъалаҳои ҳалталаб дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ

Боздиди масъули вазорат аз муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд

Шиносоӣ бо ҷараёни дарсомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ

Search