Вохурӣ бо вазири тандурустии Ҷумҳурии Қирғизистон Дамирбек Осмонов

20-уми апрели соли ҷорӣ дар доираи иштирок дар ҷаласаи 9-уми вазирони тандурустии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазири тандурустии Ҷумҳурии Қирғизистон Дамирбек Осмонов вохурӣ анҷом дод.

Зимни вохурӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди соҳаи тандурустӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин замина, гуфта шуд, ки маҳз дар доираи сиёсати дӯстонаи роҳбарони сатҳи олии ду кишвар дар баробари дигар самту соҳаҳои ҳаётан муҳим, ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон айни ҳол дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар марҳилаи рушд қарор дорад.

Дар ҷараёни вохурӣ таваҷҷуҳи ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳо дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисони ду кишвар, ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа равона гашт.

Вазирони тандурустӣ аз ҳамкориҳои ду кишвари дӯст дар соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани онҳо иброз доштанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд

Мутахассиси эронӣ ва табибони тоҷик оид ба дарёфти нуқсон ва иллатҳои модарзодии тифл табодули таҷриба намуданд

Вохурӣ бо шарикони рушд

Франсия: Иштироки Ғафур Муҳсинзода дар вохурии сатҳи баланд оид ба фарогирии умумии хизматрасонии тиббӣ

Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ шуд

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译