Вохурии Ҳабибулло Хайруллозода бо намояндагони “Созмони беҳзистӣ”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон

22-юми декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода бо намояндагони “Созмони беҳзистӣ”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гашт.

Дар вохурии мазкур инчунин сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат низ иштирок намуданд.

Нахуст Ҳабибулло Хайруллозода ҳайати меҳмононро барои ташриф ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои судманди ду кишвари дусту бародар дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ёдовар шуд.

Дар идомаи вохурӣ иштирокчиён доир ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногуни соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷом ҷонибҳо баҳри тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳавасмандии хешро иброз доштанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи “Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”

Дар Хуҷанд Маркази нави ташхисию табобатии “Насли солим” ифтитоҳ гардид

Оид ба “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва раванди амалисозии ҳуқуқҳои иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ форуми байналмилалӣдоиргашт

Ҷаласаи корӣ оид ба тақсимоти микронутриентҳо ва витаминҳо дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”  

Ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон  дар соҳаи тандурустӣ

Вохурӣ бо роҳбари навтаъйини намояндагии БОР дар Тоҷикистон Ко Сакамото

Search