Вокуниш. Овозаҳо атрофи хона ба хона гаштани як гурӯҳ табибони ношинос асоси воқеӣ надорад

Рушди босуръати илму техника ва дастрасии шаҳрвандон ба воситаҳои муошират, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоии “Вотсап”, “Телеграм” ва ғайра дар замони имрӯз ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфта, ин омил баҳри саривақт аз аҳволи ҳамдигар хабардор гаштан ва мубодилаи маълумот байни одамон мусоидат намояд.

Мусаллам аст, ки танҳо истифодаи дуруст ва манфиатноки шабакаҳои иҷтимоӣ ба манифати кор буда, баръакси он боиси на танҳо паст гаштани одобу ахлоқи наврасону ҷавонон, балки ҳатто дар тарсу таҳлука гузоштани тамоми шаҳрвандон низ гашта метавонад.

Аз ҷумла, дар шабакаи иҷтимоии “Вотсап” айни ҳол сабти овозии як зане, ки шахсияташ номаълум мебошад, доир ба фаълияти як гурӯҳ табибони номаълум ва паҳн кардани бемории хавноке дар кишвар дар гардиш қарор дорад.

Ин зан иддао мекунад, ки гуё имрӯзҳо дар Тоҷикистон як гурӯҳ худро табиб гуфта, бо либосу лавозимоти тиббӣ ва бо баҳонаҳои санҷидани вазъи саломатии шаҳрвандон хона ба хона гашта, бо ин роҳ кадом бемории сироятро паҳн мекардаанд.

Дар идомаи сабти овозии хеш ин зан иброз медорад, ки гӯё дар вилоятҳои мамлакат “ҳолати изтирорӣ” эълон гардида, одамони зиёде тақсим гаштаанд, ки дар натиҷа кадом беморӣ ва ё сироятеро паҳн менамудаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қотеъият иброз медорад, ки хабари мазкур асоси воқеӣ надошта, дар кишвар ҳеҷ гурӯҳи номаълуми табибон фаъолият намекунад.

Паҳн гаштани чунин овозаву ҳангомаҳои бардурӯғ танҳо бо мақсади дар таҳлука афтонидани шаҳрвандон аз ҷониби афроди ғаразнок ва манфиатҷӯ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки табибони оилавии муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии кишвар тибқи тартиби муқарраргардида баҳри гузаронидани иммунизатсия, назорати занони ҳомила ва дигар корҳои ба фаъолияташон алоқаманд дар минтақаҳои барояшон вобастагашта пайваста хона ба хона гардиш анҷом медиҳанд, ки дар навбати худ сокинон табибони маҳаллаи худро хуб мешиносанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки ба чунин хабару овозаҳои бардурӯғ бовар накарда, дар ҳолати пайдо шудани масъалаҳои хеш доир ба вазъи хизматрасонии тиббӣ саривақт ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти худ муроҷиат намоянд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search