Зодрӯз муборак, муҳтарам вазир!

Куллли кормандони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муҳтарам Ҷамолиддин Абдуллозодаро ба муносибати рӯзи зодрӯзашон табрик гуфта, ба эшон саломативу сарбаландӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва дар кору фаъолияти минбаъдаашон барору муваффақиятҳои нав ба нав мехоҳанд.

Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло 9-уми декабри соли 1966 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Баъд аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, онро соли 1989 онро хатм намудааст.

Аз соли 1989 то соли 1990 ба ҳайси интернаи Беморхонаи клиникии шаҳрии №5-и шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Аз соли 1991 то соли 1992 дар вазифаи табиб-ҷарроҳи Дармонгоҳи шаҳрии №7-и назди Маркази тиббии шаҳрии шаҳри Душанбе кор кардааст.

Солҳои 1992-1998 ҳамчун табиб- ординатори шӯъбаи ҷарроҳӣ дар Беморхонаи клиникии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе фаъолияти меҳнатӣ намудааст.

Солҳои 1998-2008 дар вазифаи мудири шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи клиникии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе ва солҳои 2008-2014 ҳамчун сартабиби Беморхонаи клиникии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе адои вазифа намудааст.

Солҳои 2002-2004 ба ҳайси ассисент, баъдан дотсенти кафедраи “Ҷарроҳии умумии №2”-и Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, солҳои 2008-2014 ҳамчун профессори кафедраи мазкур, инчунин ба ҳайси мудири кафедраи “Ҷарроҳии умумии №2”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият кардааст.

Аз моҳи марти соли 2014 дар вазифаи сартабиби Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ кор кардааст.

Унвони илмӣ: доктори илмҳои тиб, профессор.

Бо Медали Шафқат (соли 2009), Унвони фахрии Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2015) сарфароз гардонида шудааст.

Аз 17-уми марти соли 2017 то 5 майи соли 2020 дар вазифаи Директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” фаъолият намудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 майи соли 2020 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.

Дар давоми фаъолияти корӣ номбурда бо як қатор мукофотҳо аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ сарфароз гардид.

Аз ҷумла моҳи феврали соли 2022 бо мақсади муборизаи босамар бурдан бар зидди сирояти COVID-19 ва дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан Ҷамолиддин Абдуллозода бо Ифтихорномаи вижаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ қадрдонӣ гардид.

Ҷоизаро Илкер Даштан, мушовири ТУТ оид ба сиёсати тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода тақдим намуд.

Ҳамзамон, 29 марти соли 2023 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иттилоъ дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи 42 давлате ворид гардид, ки бар зидди бемории вараҷа пирӯз шудааст. Дар Тоҷикистон аз соли 2015 инҷониб ҳодисаҳои маҳаллии бемории вараҷа ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамин тавр, 19 майи соли 2023 дар ҳошияи иҷлосияи 76-уми Маҷмааи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар шаҳри Женеваи кишвари Швейтсария аз ҷониби директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ доктор Тедрос Адханом Гебрейесус ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода Сертификати “Кишвари аз вараҷа озод” супорида шуд.

Дар баробари ин, 04 октябри соли 2023 дар рафти баргузории Конгресси 30-юми байналмилалии Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии кишварҳои ИДМ барои тақвияти ҳамкории муштарак дар соҳаи ҷарроҳӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода барои тақвияти ҳамкории муштарак дар соҳаи ҷарроҳӣ бо медали Вишневский ва Сипосномаи ассотсиатсияи мазкур қадрдонӣ карда шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи “Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”

Дар Хуҷанд Маркази нави ташхисию табобатии “Насли солим” ифтитоҳ гардид

Оид ба “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва раванди амалисозии ҳуқуқҳои иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ форуми байналмилалӣдоиргашт

Ҷаласаи корӣ оид ба тақсимоти микронутриентҳо ва витаминҳо дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”  

Ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон  дар соҳаи тандурустӣ

Вохурӣ бо роҳбари навтаъйини намояндагии БОР дар Тоҷикистон Ко Сакамото

Search