1-уми декабр-Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо ВНМО/БПНМ. Вазъи сирояти вирус ва таҳдидҳои он

Тибқи маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, то соли 2024 шумораи шахсони бо вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) зиндагикунанда дар саросари ҷаҳон ба 40,8 миллион нафар расидааст. Сарфи назар аз кӯшишҳои густурдаи байналмилалӣ, шумораи сироятҳои нав ҳамоно нигаронкунанда аст: танҳо дар соли 2024 дар ҷаҳон тақрибан 1,3 миллион ҳолати нави сирояти ВИЧ ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамасола, 1 декабр — Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо ВНМО таҷлил мешавад. Ҳадафи асосии ин рӯз — баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа, коҳиши табъиз ва пешгирии сирояти нав мебошад. Бо вуҷуди пешрафтҳои ҷиддӣ дар табобат ва табу озмоиши беморон, то ҳол сатҳи сироят ва табъиз дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла дар ҷомеаҳои сустогоҳ, боқӣ мемонад.

Шиори имсолаи Рӯзи умумиҷаҳонӣ ин «Мушкилиҳоро паси сар намуда, ҷавоби миллиро нисбати ВНМО тағйир медиҳем» дар саросари ҷахон қабул карда шудааст.

ВНМО бемории вирусӣ буда, ангезандааш ретровирусҳои лимфотропӣ мебошад, ки масунияти организмро суст месозанд ва ба рушди бемориҳои опортунистӣ ва саратон замина мегузоранд. Бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ – СПИД) — марҳалаи охирини ВНМО буда, дар солҳои 80-уми асри гузашта муайян шудааст. Аз лаҳзаи сироят то инкишофи марҳалаи ниҳоӣ мумкин аст 8–10 сол сипарӣ шавад.

Аломатҳои аввалини сироят аксаран ба нишонаҳои зуком монанданд: таб, беҳолӣ, дарди сар, дарди буғумҳо, арақи шабона, коҳиши вазн ва пайдоиши илтиҳоб дар пӯст. Роњи сироят: хунгузаронӣ, алоқаи ҷинсии муҳофизатнашуда, истифодаи муштараки сӯзандору (хусусан миёни нашъамандон), инчунин гузариш аз модар ба тифл мебошад.

Муҳим аст, ки ҷомеа донад: ВНМО тавассути оби даҳон, арақи бадан, оғӯшгирӣ, сулфа, атса, нешзании ҳашарот, ошхона ё ҳаммомҳои умумӣ сироят намекунад.

ЧОРАҲОИ ТОҶИКИСТОН: ТАБОБАТ, ПЕШГИРӢ ВА ДАСТГИРИИ ИҶТИМОӢ

Тибқи маълумотњои МД МҶ ВНМО, қисми зиёди ҳолатҳои нави сироят бо роҳи алоқаи ҷинсӣ бақайд гирифта шудаанд, ки шаҳрвандон ҳангоми алоқаҳои ҷинсии тасодуфӣ ва бе истифода аз рифола сироят ёфтаанд. Бо вуҷуди ин, хавфи сироят дар ҳама соҳаҳо ва касбу корҳо вуҷуд дорад.

Муҳимтарин нерӯи зидди ВНМО – огоҳии ҷомеа аст. Сатҳи маълумотнокии аҳолӣ, гузаштан аз ташхис, дастрасии умумиҷаҳонӣ ба табобат ва паст шудани сарбории вирусӣ миёни гирифторон метавонад эпидемияро боздорад.

Дар Тоҷикистон табобати зиддиретровирусӣ (ТЗРВ) аз соли 2006 ройгон пешниҳод мешавад ва давлат иҷрои ин кафолатро дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таъмин мекунад. Ҳар шахси сироятёфта имконият дорад, ки вобаста ба зарурат табобати ройгон гирад.

Дар кишвар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 7 барнома ва нақшаҳои стратегии миллӣ барои мубориза бо ВНМО қабул ва амалӣ шудаанд. Чорабиниҳои давлатӣ ба он равона шудааст, ки шумораи сироятҳои нав коҳиш ёбад, шумораи ҳарчи бештари беморон табобати доимиро бигиранд ва сатҳи вирус дар бадан поён оварда шавад.

Бо вуҷуди пешрафтҳо, паҳншавии беморӣ то ҳол мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мемонад, бахусус дар мавриди занон, ки аксар вақт ба сабаби рафтори хавфноки ҳамсаронашон сироят меёбанд ва ба мушкилоти иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

Аз ҳамин лиҳоз, ҷомеа ва муассисаву ташкилотҳои дахлдор дар ин самт барои пешгирии сирояти ВНМО байни ҷавонон ва хусусан шаҳрвандоне, ки ба хориҷи кишвар барои кору фаъолият мераванд, чораҳои пешгирикунандаро пурзўр намоянд.

Ҷомеа на танҳо бо беморӣ, балки бо таассуб, табъиз ва камбуди маълумот низ мубориза бурданро бояд идома диҳад. Танҳо дар сурате ки аҳолӣ, бахусус ҷавонон, маълумоти дуруст дошта бошанд ва ҳамагон аз ташхис ва табобат истифода баранд, мо метавонем паҳншавии ин бемориро боздорем.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search