Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон

Ҷиҳати аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ имрӯз, 07-уми августи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» дидан ба амал овард.

Аснои боздид Ҷамолиддин Абдуллозода бо ҷараёни хизматрасонии тиббии муассисаи мазкур, фаъолияти шуъбаҳои он, ҳолати таҷҳизотҳои тиббӣ, рафти корҳои ободонӣ ва вазъи саломативу ҳолати нигоҳдории кӯдакон шинос шуд.

Дар ин ҷо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти муассисаи номбурда як қатор масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, пешгирии фавти модару кӯдак, риояи одоби муоширати табибон бо беморон ва наздикони онҳо, пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар байни кормандон ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.

Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолии давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ва пешгирии фавти онҳо дар кишвар як қатор стратегия ва барномаҳои миёнамуҳлат қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо ба рушди соҳа имконият ва заминаҳои нави ташхису табобат фароҳам овард.

Яке аз ҳадафҳои асосие, ки дар назди роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” гузошта шудааст, ин таъмини солимии модарону кӯдакон ба шумор меравад. Ҷиҳати иҷрои ин вазифаи пурмасъулият дар пажӯҳишгоҳ тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Search