Таҳлилу баррасии ду масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

28-уми феврали соли равон дар толори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир гардид, ки дар кори он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Саломуддин Юсуфӣ, муовинони вазир Абдухолиқ Амирзода, Ҳабибулло Хайруллозода, Зулфия Абдусаматзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Нуриддин Муҳиддин,  директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода, сардори Хадамоти экспертизаи тиббию иҷтимоӣ Шералӣ Амиршозода, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсат ва шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Дар ҷаласа ду масъала-“Вазъи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ дар соли 2025” ва “Таҳлили вазъи кӯмак ва хизматрасонии осебшиносӣ ва раддодӣ дар муассисаҳои ҷумҳурӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар мавзуи “Вазъи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ дар соли 2025”  сардори Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ Амиршозода Шералӣ  баромад кард.

Ба иттилои номбурда, Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ мувофиқи банди 2 Нақшаи ҷаласаҳои мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои соли 2026 вазъи экспертизаи тиббию иҷтимоиро дар соли 2025 мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, онро манзур менамояд.

Қайд карда шуд,  ки хадамоти мазкур баҳри дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби гузаронидани экспертизаи тиббию иҷтимоӣ” аз 26 апрели соли 2022, №177 ва пешбурди ҳисоби дақиқи маъюбон, инчунин дигар вазифаҳое, ки имрӯз дар назди хадамот гузошта шудаанд, минбаъд низ корҳои заруриро ба анҷом хоҳад расонид. 

Доир ба масъалаи дуюми ҷаласа-“Вазъи кӯмак ва хизматрасонии осебшиносӣ ва раддодӣ дар муассисаҳои ҷумҳурӣ (муассисаҳои хусусӣ дар асоси дастрас намудани маълумотҳо)” сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба осебшиносӣ ва раддодӣ Қурбонов Саидбилол ба ҳозирин маълумот пешниҳод кард.

Бо мақсади таҳлил, омӯзиш ва зери назорати саривақтӣ қарор додани фаъолияти шуъбаҳои ортопедӣ-осебшиносӣ, нуқтаҳои осебшиносӣ ва ҳуҷраҳои ортопедӣ-осебшиносӣ дар муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ дар асоси  фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 17.01.2026 №9-69 вобаста ба иҷрои банди 3-и «Нақшаи кории ҷаласаҳои мушовараи Вазорати тандурусти ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», дар муассисаҳои тандурустии давлатии сатҳи беморхонавӣ ва шабакаи муассисаҳои кумаки авалияи тиббию санитарии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гурӯҳҳои кории Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафрабар карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷумҳурӣ як Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии ортопедӣ-осебшиносӣ”, 30-шуъбаҳои ортопедӣ-осебшиносӣ, 20-нуқтаҳои ортопедӣ-осебшиносӣ (травмпунк) ва 23 -ҳуҷраҳои ортопедӣ-осебшиносӣ кору фаъолят намуда, ба мардуми кишвар хизматрасони ортопедӣ-осебшиносӣ мерасонанд.

Бояд қайд кард, ки масъалаи баланд бардоштани савияи дониш ва дараҷаи касбии мутахассисон ва кадрҳои ҷавон дар мадди аввали роҳбарияти муассисаҳо ҷой дорад ва нисбати ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд. Мутахассисони соҳа дар мамлакатхои хориҷи дуру наздик савияи дошиши худро сайқал дода, дар конфронсу анҷуманҳо иштирок менамоянд.

Пас аз шунидани  маърузаҳо аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус ба масъалаву мушкилоти ҷойдоштаи соҳа зоҳир гардида, фаъолияти раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва дигар масъулини соҳа доир ба ин самтҳо шунида шуд.

Дар охир қарори ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, сардорони раёсат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар баҳри бартараф намудани камбудиҳои мавҷудаи соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, кӯмаки фаврии ройгони тиббӣ,  тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои тандурустӣ, таъмиру тармим намудани иншооти тандурустӣ, аз ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ дар деҳот,  пешгирии бемориҳои сироятӣ ва фавти модару кӯдак, омода намудани мутахассисони соҳавӣ ва таъмини онҳо бо ҷойи кор, истифодаи технологияи муосир дар самти беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, саривақт ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, риояи одоби муоширати табибон бо беморон, иҷрои саривақтии барномаҳои соҳавӣ ва дигар масъалаҳо аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

“Ҳафтаи пешгирии саратони гарданаки бачадон”

Баррасии як қатор масъалаҳои муҳими соҳа

Ҳисор: Бо иштироки Ҷамолиддин Абдуллозода оиди таъмини солимии модару кӯдак ҷаласаи назоратӣ доир гашт

Вобаста ба ҷараёни маъракаи ваксинатсия бар зидди бемориҳои сироятӣ ҷаласаи корӣ доир гашт

Нахустин амалиёти ҷарроҳии пайванди ҷигар дар вилояти Хатлон

Тақдими таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ ба вазорат

Search