Ҷаласаи корӣ оид ба раванди рақамикунонии низоми суғуртаи иҷтимоӣ

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба санаи 3 апрели соли 2026 дар дастгоҳи марказии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якҷояи кории гуруҳи татбиқи лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарият ва сардорони раёсату шуъбаҳои агентӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ раванди рақамикунонии низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки дар доираи лоиҳа амалӣ шуда истодааст, баррасӣ гардид.

Аз ҷумла, масъалаҳои таъсис додани гуруҳи корӣ дар назди агентӣ вобаста ба гузаронидани марҳилаи пилотии низоми ягонаи иттилоотии нафақа ва автоматикунонии раванди пардохтҳои нафақа дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рудакӣ, гузаронидани курсҳои омузишӣ бо кормандони зерсохтори Агентии болозикр дар ноҳияҳои пилотӣ, инчунин нақшаи гузаронидани марҳилаи пилотии ситсемаи заминавии иттилоотии нафақа мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар доираи маблағгузории лоиҳа дастгоҳи марказии агентӣ ва як қатор муассисаҳои зертобеъи он бо таҷҳизоти зарурии компютерӣ, ҷумла 4 ноҳияи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рудакӣ бо воситаҳои ҳимоявии серверҳо (файрволл), 80 адад компютер (моноблок), 30 адад принтер/копир/сканер ва дигар воситаҳо таъмин карда шуданд.

Бо мақсади омухтани таҷрибаи пешқадам дар самти рақамикунонии низоми нафақа сафарҳои омузишии мутахассисони Агентии мазкур ва сохторҳои дахлдор ба ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Озорбойҷон доир гардиданд.

Илова ба ин, барои дастгирии тавсеаи рақамикунонии низоми нафақа, аз ҷумла автоматикунонии пардохтҳои нафақа, таҳияи модули иттилоотии мубодилаи байнисоҳавӣ, инчунин барои дигар эҳтиёҷоти зарурии агентии мазкур дар назар аст, ки “маблағи тақсимнашуда”-и лоиҳа дар ҳаҷми 1,9 млн доллари ИМА тариқи “азнавтақсимкунӣ” истифода бурда хоҳад шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search