Фарзонаи Эмомалӣ рисолаи номзадии худро ҳимоя намуд

Фарзонаи Эмомалӣ, сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Ҷанбаҳои муосири хизматрасониҳои тиббӣ-иҷтимоӣ ба кӯдакон ва наврасон дар марказҳои саломатӣ” ҳимоя намуда, сазовори унвони номзади илмҳои тиб гардид.

Рисолаи номзадии Фарзонаи Эмомалӣ ба масъалаи муҳим барои хизматарасонии ёрии тиббӣ-санитарии аввалия, яъне такмил додани хизматрасониҳои ҳамгироишудаи тиббӣ-иҷтимоӣ барои кӯдакон ва наврасон дар марказҳои саломатӣ бахшида шуда, таҳти роҳбарии Набиев Зоир Нарзуллоевич, доктори илмҳои тиб, профессор, сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя карда шудааст.

Муҳимияти мавзуи мазкур аз он иборат аст, ки ҳолати саломатии кӯдакон таҳти таъсири омилҳои тиббӣ-демографӣ ва иҷтимоӣ (сатҳи таҳсили волидайн, таркиб ва некуаҳволии оила, шароити зист, фаъолнокии тиббӣ ва ғайра) қарор гирифта, ба ташаккули шахсияти онҳо таъсири калон мерасонад. Дар чунин шароит таҳия ва ҷорӣ намудани модели ҳамгироишудаи хизматрасониҳои тиббӣ-иҷтимоӣ аҳамияти илмӣ-амалӣ дорад.

Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Фарзонаи Эмомалӣ дар 15 мақолаи чопӣ дарҷ гардида, 9-адади онҳо бевосита ба мавзуи рисолаи илмӣ бахшида шудаанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Баррасии рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

Ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гашт

Аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

Ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи cолонаи соли чоруми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-4) доир гашт

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译