Суғд: чорабинии идона бахшида ба Рӯзи модар

Бахшида ба Рӯзи модар имрӯз, 4-уми марти соли равон дар Беморхонаи бачагонаи вилояти Суғд воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, роҳбарияти Раёсати тандурустии вилояти Суғд, занону бонувони фаъоли соҳаи тандурустии вилоят, аз ҷумла собиқадорон, олимон ва дигар кормандони соҳа чорабинии идона баргузор гардид.

Муовини Раиси вилояти Суғд аснои суханронии хеш аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат ба занону бонувон ёдовар шуда, иброз дошт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ баҳри кору фаъолияти ин табақаи қишри ҷомеа дар кишвар тамоми имконот ва шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Зимни суханронии хеш номбурда ҳамзамон доир ба саҳми занону бонувон дар рушду пешрафти Ватани азизамон ёдовар шуда, аз ҷумла саҳми ин қишри ҷомеаро дар таъмини солимии аҳолӣ назаррас арзёбӣ кард.

Дар идомаи чорабинии идона Хайрулло Ҳабибуллозода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд паёми табрикотии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозодаро ба самъи ҳозирин расонид.

Дар анҷоми ҳамоиши идона як қатор бонувони фаъоли соҳа баҳри фаъолияти пурсамар бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ

Муаррифии лоиҳаи “Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббӣ”

Иштирок дар 24-умин Форуми глобалии ғизои кӯдакон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Вохурӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Search