Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии кӯмакҳои беруна дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар баргузор гашт

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода  ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии кӯмакҳои беруна дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он ҳамзамон муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода ва доираи васеи шарикон оид ба рушд иштирок намуданд.

Ҷаласаи мазкурро муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки ҳамоҳангсозии кӯмакҳои беруна барои рушди пайвастаи соҳа, ҳалли масъалаҳои мубрам ва аз ҳама муҳим густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди тарафҳо мусоидат менамояд.

Дар ин замина, қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳифзи солимӣ ва иҷтимоии аҳолии кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, пайваста ба сохтори салоҳиятдори соҳа ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ тавассути татбиқи усулҳои муосири ташхису табобат, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Гуфта шуд, ки бо мақсади муайян намудани маҷмӯи чорабиниҳои мушаххас барои татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар давраи миёнамуҳлат бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.03.2024, №197 “Нақшаи амали солҳои 2024-2026 татбиқи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” тасдиқ гардид ва барои сафарбар намудани тамоми захираҳои мавҷудаи ватанӣ ва шарикон оид ба рушд ҷиҳати самаранок ва саривақт амалӣ намудани ҳуҷҷати мазкур дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳои алоқаманд ва ташкилотҳои донорӣ “Саммити тандурустӣ” ва “Форуми байналмилалӣ оид ба сармоягузорӣ ба тандурустӣ” барпо  карда шуд.

Бо мақсади рушди минбаъдаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар кишвар бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ воридсозии модели намунавии КАТС дар муассисаҳои давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №15” шаҳри Душанбе, “Маркази саломатии бисёрсоҳавии ноҳияи Данғара” ва “Маркази таълимию клиникии тибби оилавии вилояти Суғд” оғоз гардидааст, ки дар натиҷаи гузаронидани тадқиқотҳои аввалия аз тарафи коршиносони байналмилалии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсияҳо ва чорабиниҳои минбаъда омода гардиданд.

Тавре зикр гардид, дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар айни замон зиёда аз 30 ҳуҷҷатҳои муҳими соҳавию байнисоҳавӣ, аз ҷумла барномаҳои миллӣ, стратегияҳо ва консепсияҳо вобаста ба ислоҳоти самтҳои мухталиф ва афзалиятноки соҳа татбиқ гардида, раванди татбиқи ин ҳуҷҷатҳои муҳим дар чорабиниҳои минбаъда мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.

Дар идомаи ҷаласа ҷиҳати  тақвият бахшидани ҳалли масъалаҳои муҳим ва дар ин замина густариш додани ҳамкориҳо аз ҷониби иштирокчиён фикру мулоҳизаронӣ сурат гирифт.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search