ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Дар амал ҷорӣ намудани боз як усули нави ҷарроҳӣ дар самти бемориҳои рагҳои мағзи сар

Дар амал ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта,  масъалаи мазкур зери таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Табибони Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Маркази ташхисию табобатии “Дастаи Дил” дар самти  бемориҳои рагҳои мағзи сар боз ба як навгонӣ шарафёб гаштанд.

Аз ҷониби табибони маркази номбурда ба як нафар сокини 16-солаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон, ки косахона ва майнаи сари ӯ ҳангоми афтодан осеби ҷиддӣ дида буд, ба тариқи эндоваскулиярӣ, яъне бе буриш амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуда, нуқсонҳои ҷойдоштаи бемор бартараф карда шуданд.

Тибқи иттилои Субҳониддин Баҳодуров, табиби ҷарроҳи бемориҳои мағзи сари Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш”, ки якҷо бо ҳамкорони хеш амалиёти ҷарроҳии мазкурро гузаронидааст, ташхис нишон дод, ки раги калони майнаи сари бемор ҳангоми дохил шудан ба косахонаи сар сурох гардида, бо рагҳои варидӣ пайваст шудааст, ки дар натиҷа дар бемор нобиноӣ, варам ва сурхии чашм ва инчунин рафтани хунравиҳои шадид аз бинӣ ва даҳон  ба вуҷуд омадааст.

Муайян гардид, ки ин беморӣ ҳангоми осебҳои косахона ва майнаи сар, махсусан шикастани устухонҳои асосии косахонаи сар ба миён омада, дар натиҷа шикоятҳои мазкур дар бемор ба вуҷуд омадаанд.

Ба гуфти табиби ҷарроҳи бемориҳои мағзи сари муассисаи номбурда Субҳониддин Баҳодуров, чунин ҷарроҳӣ яке аз ҷарроҳиҳои мушкил ва мураккаби рагҳои калони мағзи сар ба ҳисоб рафта,  ингуна ҷарроҳӣ то кунун дар кишвар гузаронида намешуд ва беморон ё ба кишварҳои хориҷӣ сафар мекарданд ва ё барои гузаронидани чунин ҷарроҳиҳо мутахассисон аз хориҷи мамлакат даъват карда мешуданд.

Хушбахтона, бо фароҳам гардидани дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ба табибони ватанӣ имконият даст дод, ки чунин амалиёти мураккаби ҷарроҳиро дар бемориҳои рагҳои мағзи сар бори аввал дар кишвар бомуваффақият гузаронанд.

Бояд гуфт, ки айни ҳол вазъи саломатии бемор хуб аст ва шикоятҳое, ки то баргузории ҷарроҳӣ дар он ҷой доштанд, пурра бартараф карда шуда, айни замон бемор дар марҳилаи рухсат додан ба хона  қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки Субҳониддин Баҳодуров, табиби ҷарроҳи бемориҳои мағзи сари Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш”, ки амалиёти ҷарроҳии мазкурро бо ҳамкорони хеш гузаронидааст, дар самти омухтани ҷарроҳиҳо дар риштаи мағзи сар давоми якуним сол дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аз такмили ихтисос гузашта, донишу малака ва таҷрибаи хешро баланд бардоштааст.

Дар амал ҷорӣ намудани боз як усули нави ҷарроҳӣ дар соҳаи тибби мамлакат бори дигар аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи тандурустӣ дарак медиҳад ва бо дастрас гардидани дастгоҳу таҷҳизотҳои муосири дар марказ муҳайёгардида минбаъд низ муосиртарин усулҳои нави ҷарроҳӣ аз ҷониби мутахассисони ватанӣ дар сатҳи баланд гузаронида  хоҳанд шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search