Ҳамасола бо фаро расидани фасли гармо, баланд шудани ҳарорати ҳаво, таъсири мустақими нурҳои офтоб ва риоя накардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси авҷи бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, аз ҷумла бемориҳои камхунӣ, сактаи дил, дарди гулӯ, бемориҳои пӯст, гурда, меъдаву руда, бемориҳои музмин ва офтобзанӣ мегарданд.
Офтобзанӣ ё гармозанӣ: Ин ҳолате мебошад, ки аз таъсири нурҳои ултробунафш ба амал меоянд. Нишонаҳои офтобзанӣ беҳолию бемадорӣ, баланд шудани ҳарорати бадан, табларза, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, пайдошавии ҳалқаҳои сиёҳ дар пеши чашм, сарчархзанӣ ва дарди сар мебошад. Сипас, тез задани набзи дил, паст шудани фишори хун ва дард дар мушакҳои бадан пайдо мешавад. Мутахасисони марказ тавсия медиҳанд, ки дар шахсе, ки чунин аломатҳо дида мешаванд, ба пешонаи он сачоқ ё рўймолеро тар карда, ӯро дар ҷои салқин ва соя гузоштан лозим аст. Вале гузоштани ях мумкин нест, зеро якбора аз гармӣ ба сардӣ тағйир ёфтани ҳарорат метавонад боиси ташаннуҷ (спазм)-и рагҳо ва аз кор мондани дил гардад. Ҳамчунин, ба сари шахси офтобзада рехтани оби сард, оббозӣ кардан дар ҳавзу дарё мумкин нест, танҳо нӯшидани оби маъдании бе газ, оби ҷӯшонидашудаи ширгарм муфид аст. Агар шахси офтобзада қай кунад, ба ў доруи «Регидрон»-ро дар об ҳал карда, бо қошуқ нӯшонед.
Бемории мавсимии дарунравӣ: Бо фарорасии фасли тобистон бемории мавсимии дарунравӣ (диарея) меафзояд. Омили гирифтор шудан ба ин беморӣ микробҳое мебошанд, ки дар наҷосат ҷойгир шуда, ба организм ба воситаи даҳон дохил мешаванд. Сарчашмаи микробҳо асосан аз риоя накардани қоидаҳои гигиенӣ ва истеъмоли ғизои нодуруст иборат мебошад. Нишонаҳои ин беморӣ ҳарорати баланд, беҳоливу хоболудӣ, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва наҷосати обакии пай дар пай мебошанд. Ҳамчунин, дар ин марҳала кӯдакон аз қабули ғизо даст мекашанд. Дар натиҷаи пешгирӣ ва саривақт табобат накардани ин бемориҳо эҳтимол ҳаст, ки беморро ба фавт оварда расонад. Барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои меъдаву рӯда риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, тозагии умумии муҳити зист ва истифодаи ғизои солим шарти аввали мубориза бо бемории мазкур аст. Зуд-зуд нушонидани оби тозаи ҷӯшонидашуда ва шарбати меваи тару тоза ба манфиат буда, миқдори талафёфтаи оби организмро барқарор месозад.
Бемориҳои дилу рагҳои хунгард: Дар ҳарорати баланд тапиши дил зиёд шуда, фишори хун баланд мешавад. Инчунин, организм дар ҳавои гарм бе об монда, дар ин ҳолат хун ғафс гашта, гардиши он дар рагҳои хунгард мушкил мешавад. Ин ҳолат боиси беҳушшавӣ, сактаи дил ва фалаҷ гашта метавонад.
Тавсия дода мешавад, ки чунин беморон дар рӯзҳои гармии ҳаво – аз соати 11:00 то 16:00 бе зарурат аз хона набароянд ва дар зери нурҳои сузони офтоб гаштугузор накунанд. Инчунин дар ҳавои гарм зиёд кор ва ҳаракати ҷисмонӣ кардан тавсия дода намешавад. Аз истеъмоли хӯрокҳои серравған худдорӣ намуда, бештар об ва шарбатҳои мевагӣ нушидан муфид аст. Барои паст намудани ҳарорати баланд ба шахсони гирифтори бемории дилу раг дар оби сард оббозӣ кардан қатъиян манъ аст, зеро оби сард рагҳои хунгардро танг месозад.
Бемориҳои пуст: Нурҳои ултрабунафши офтоб ба пуст таъсир расонида, намнокии пуст кам ва он тароваташро гум мекунад. Инчунин дурудароз дар зери нурҳои офтоб қарор доштан, дар рӯй ожангҳо пайдо мешавад. Ҳамзамон бештар дар зери офтоб қарор доштан боиси сухтани пуст ва пайдоиши доғҳои пигментӣ низ мегардад. Аз ин лиҳоз, мутахассисони соҳа дар айни гармии ҳаво аз соати 11:00 то 16:00 дар адр зери офтоб буданро тавсия намедиҳанд.
Бемории ғадуди сипаршакл: Шахсоне, ки ба ин беморӣ гирифтор ҳастанд, набояд фаромӯш созанд, ки нурҳои офтоб, ҳавои тафсон ва миқдори зиёди йоди баҳрӣ сабабгори фаъолшавии ғадуди сипаршакл мегардад. Нишонаҳои хуруҷи беморӣ ин зиёд арақ кардан, тапиши барзиёди дил, варами атрофи чашмон, якбора кам шудани вазни бадан, хароб шудан, зуд-зуд пешоб кардан, ларзиши дастон ва рехтани мӯйҳо мебошад. Дар сурати пайдоиши аломатҳои мазкур дарҳол ба табиб муроҷиат кардан лозим аст.
Илтиҳоби шуш: Пневмония (илтиҳоби шуш) бемории шадиди сироятӣ мебошад. Хуруҷи ин беморӣ дар фасли тобистон маъмулӣ гаштааст. Омили гирифтор шудан ба ин беморӣ сард намудани организм мебошад. Бештар нафарон дар фасли гармо оби сард менушанд ва оббозӣ намуда, дар зери ҳавополонҳо (кондисионер) мехобанд. Набояд фаромӯш кард, ки якбора пасту баланд шудани ҳарорати бадан ба саломатӣ зарар дошта, касро ба илтиҳоби шуш гирифтор карда метавонад. Илтиҳоби шуш махсусан барои кӯдакони то 2 сола ва одамони синну солашон аз 65-сола боло, занҳои ҳомиладор, шахсоне, ки бемориҳои роҳҳои нафас ва иллатҳои дил доранд, ҳамчунин барои одамоне, ки масунияти баданашон хеле паст аст, ниҳоят хатарнок мебошад. Нишонаҳои ин беморӣ ҳарорати баланди бадан ва пайдо шудани дард дар қафаси сина буда, ҳангоми нафаскашӣ дард зиёдтар мешавад ва шахсро эҳсоси нафастангӣ азият медиҳад. Сулфаи хушк, торафт гум шудани иштиҳо, беҳолию бемадорӣ аз зумраи нишонаҳои дигари ин беморӣ мебошанд. Дар ҳолати пайдо шудани чунин нишонаҳо фурсатро аз даст надода, саривақт ба табиб муроҷиат намудан лозим аст.
Мутахассисони соҳаи тиб ба шаҳрвандон тавсия медиҳанд, ки дар фасли тобистон бештар таомҳои моеъгӣ истеъмол намоянд. Инчунин аз нушидани нушокиҳое, ки таркибашон шакар доранд, худдорӣ намудан лозим аст, зеро ин нушокиҳо воқеан боиси аз даст додани моеъи бештари бадан мешаванд. Бинобар ин, миқдори зиёди об ва афшураҳои мева нушидан ба манифат аст. Аз гаштугузор дар ҳавои тафсон худдорӣ бояд кард. Дар вақти ба берун баромадан бо худ гирифтани чатр, об, пӯшидани кулоҳ ва мондани айнак ба чашмонро фаромӯш ҳам фаромуш набояд кард. Дар фасли тобистон аз хурдани ғизои шабмонда ва муҳлаташ гузашта даст кашида, ҳангоми истеъмоли хурокҳои кучагӣ бояд хеле эҳтиёткор буд, чункӣ дар чунин рӯзҳо эҳтимоли вайроншавии ғизо хеле баланд аст.
Ҳамчунин, аз харидани меваҳои бастабандӣ ва сабзавоти хом худдорӣ кардан лозим аст,, зеро онҳо аз гармии ҳаво тез вайрон мешаванд.
Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони мамлакат даъват ба амал меорад, ки дар ин рӯзҳои гармӣ худ ва наздиконашонро аз гирифторшавӣ ба ҳар гуна бемориҳо эҳтиёт ва аз рӯйи тавсияи табибон амал намоянд.